«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост!» чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Қабл аз оғози чорабинӣ даъватшавандагону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр ва ҷавонони фаъол аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр бо шиорҳои ватандӯстона ва садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр оид ба омодагии даъватшавандагон барои иштирок дар Рӯзи даъватшаванда сухан намуда, ба ҷавононе, ки бо амри виҷдон ва ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд ва ба волидайну устодонашон изҳори сипос намуд.
Иброз гардид, ки бо шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашта дар минтақа ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Гуфта шуд, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 80 нафар ба даврҳои омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардиданд. Онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда ба Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд
Ҷавонони шаҳри Кӯлоб нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро намуданд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Данғара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
ХИЗМАТ ДАР МАКТАБИ БУЗУРГИ МАРДОНАГИЮ ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФ АСТ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд






