Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии варзиши мутобиқшуда «Импулс» — International Inclusive Games 2026, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, бомуваффақият иштирок намуда, дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи дуюмро ишғол карданд.
Ин дастовард аз сатҳи баланди омодагии варзишгарони Тоҷикистон, иродаи қавӣ ва рушди варзиш дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Намояндагони Тоҷикистон дар намудҳо ва риштаҳои гуногун натиҷаҳои шоиста нишон дода, дар муваффақияти умумии даста саҳми назаррас гузоштанд.
Тибқи натиҷаҳои мусобиқа, ҷойи якум насиби дастаи Федератсияи Русия гардид. Ҷойи дуюмро дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҷойи сеюмро тими Ҷумҳурии Беларус ба даст овард.
Дар идома дар ҷадвали медалҳо дастаҳои Узбекистон ва Арманистон мутаносибан ҷойҳои чорум ва панҷумро ишғол намуданд.
Фестивали «Импулс-2026» яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиши мутобиқшуда ба ҳисоб рафта, дар он ҳайатҳои зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Дар доираи мусобиқаҳо беш аз 900 маҷмӯи медал аз рӯйи 20 намуди варзиш ва зиёда аз 90 ришта тақсим карда шуд.
Ин фестивал на танҳо майдони рақобати варзишӣ, балки рамзи неруи ирода, рафъи мушкилот ва баробарии имкониятҳо барои ҳамаи иштирокчиён гардид.
Баромади муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар «Импулс-2026» ҳамчун қадами муҳим дар рушди ҳаракати паралимпӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии варзишии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
3 апрел варзишгарони дастаи мунтахаби паралимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» байни варзишгарони дорои имконияти маҳдуд натиҷаҳои назаррас бадаст оварданд, ба Ватан баргаштанд.
Дар маросими истиқбол муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳмадшо Абдуллозода ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, варзишгаронро гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал рӯзҳои 26–27 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, тими мунтахаби кишвар дар ҳайати 34 нафар, аз ҷумла 29 варзишгар, дар ин мусобиқа иштирок намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар ин сабқат аз намудҳои дастхобонӣ (пара-армрестлинг), вазнабардорӣ (пара-пауэрлифтинг), тенниси рӯи миз, дартс, шашка ва шоҳмот иштироки фаъолона намуда, дар натиҷа ба гирифтани 37 медал, аз ҷумла 19 медали тилло, 10 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Паралимпичиёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» аз намудҳои зерини варзиш медал ба даст оварданд:
Дастхобонӣ — 21 медал:
- Тилло — 13 адад
- Нуқра — 5 адад
- Биринҷӣ — 3 адад
Вазнабардорӣ — 7 медал:
- Тилло — 4 адад
- Нуқра — 3 адад
Дартс — 3 медал:
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 2 адад
Шоҳмот — 1 медал:
- Тилло — 1 адад
Шашка — 3 медал:
- Тилло — 1 адад
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 1 адад
Қобили таъкид аст, ки чунин дастовардҳои назаррас дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Сипас, дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба рушди минбаъдаи намудҳои варзиш баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими омодагӣ ва дастгирии минбаъдаи варзишгарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ варзишгарон ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳои назаррас бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки паралимпичиёни Тоҷикистон дар чанд моҳи охир хазинаи варзишии мамлакатро бо 63 медал ғанӣ гардонида, ба як дастоварди воқеан таърихӣ ва бесобиқа ноил гардиданд.
Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик аз Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, 22 медал (4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ), аз Парабозиҳои V Осиё байни наврасон дар шаҳри Дубай 4 медал (1 тилло ва 3 нуқра) ва аз Фестивали байналмилалии варзиши мутобиқшуда «Импулс» — International Inclusive Games 2026, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия доир шуд, 37 медал, аз ҷумла 19 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд




































































ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






