Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиши идона дар фазои тантанавӣ бо оростани дастархони миллӣ, намоиши расму ойинҳои қадимӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Наврӯз яке аз арзишмандтарин ҷашнҳои миллӣ, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози зиндагии нав ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ давоми ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони моро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст.
«Имрӯзҳо дар мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини сулҳу субот дар мадди аввал қарор доранд. Ин ҳар шаҳрванди бонангу номуси Ватанро вазифадор менамояд, ки бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба давлату миллат барои ободиву пешрафти давлат саҳми арзанда гузорад»,- гуфта шуд дар ҳамоиши тантанавӣ.
Изҳор шуд, ки баргузории маҳфилу чорабиниҳои идона дар саросари мамлакат аз суннатҳои дерини наврӯзӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар роҳи таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ ва ваҳдат қадамҳои устувор мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз ҳамчун падидаи дурахшони фарҳанги халқҳои ориёинажод дар таърихи миллати тоҷик мақоми хос дошта, мисли китоби муқаддас суннатҳои неки гузаштагонро то ба имрӯз ҳифз намудааст. Бо вуҷуди таъсири давраҳои гуногуни таърихӣ миллати тоҷик ин ҷашни муқаддасро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг нигоҳ доштааст.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






