«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мақом ва шаҳодатномаи резиденти IT-Park Dushanbe гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тавре Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Суҳроб Ёқубзода изҳор дошт, мақоми резидент ба Марказ имкон медиҳад, ки аз афзалияти вобаста ба андоз ва дигар имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор шавад.
Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, резидентони (сокинон ё истифодабарандагони) IT-Park аз ҳама намудҳои андоз, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ 6 фоиз ва андози иҷтимоӣ 1 фоиз озод мегарданд. Илова бар ин, воридоти таҷҳизоти инноватсионӣ, ки барои фаъолияти «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» дар дохили IT-Park истифода мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.
Ҳамчунин ба резидентон ҳуқуқи дастрасӣ ба бинои IT-Park ва аз ин рӯ, дастрасӣ ба интернет, минтақаҳои гуфтушуниди коворкинг (co-working – ҳамкорӣ дар паҳлуи дигар резидентон) дода мешавад. Ба ҷуз ин, «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» имконияти нетвокинг (networking – кор бо шабака ва шиносоӣ бо дигар резидентон)-ро пайдо мекунад.
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти мамлакат моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми ташрифашон ба Вазорати нақлиёти мамлакат расман ба истифода дода шуд. Марказ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои татбиқи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст.
Вазифаҳои асосии Марказ аз татбиқи системаҳои назорати рақамӣ барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кишвар, таҷҳизонидани техникаи нигоҳдории роҳҳо бо системаҳои GPS (Global Positioning System) барои мониторинги ҷойгиршавӣ, беҳдошти хатсайрҳо ва назорати кори мошинҳо, ҷамъоварии дороиҳои роҳ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи роҳҳо, коркарди дархостҳо барои иҷозатномаҳо, гузариш ба мубодилаи рақамии рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, пешгирии ҳаракати мошинҳои гаронвазн бо истифода аз тарозуҳои динамикии муосир иборатанд.
Бояд гуфт, ки 7 апрели соли 2025 дар Душанбе нахустин бор дар ҷумҳурӣ Парки фановариҳои иттилоотӣ ё IT-Park мавриди истифода қарор дода шуд. IT-Park минтақаи махсусест, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои дорои технологияҳои муосир, стартапҳо ва лоиҳаҳои IT таъсис дода шудааст. Инчунин 28 феврали соли 2026 Ҳукумати мамлакат «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 911 аз 8 январи соли 2025 дар Тоҷикистон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд






