Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, нашъунамои зироати кишоварзӣ ва фаъолияти якчанд хоҷагии деҳқонӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус бо Маркази саломатии деҳот баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ шинос шуд.
Корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи муосир анҷом дода шуда, муассиса пурра таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар натиҷа барои пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар маҷмуъ, навсозии Маркази саломатии деҳот дар деҳаи Сайёд ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, хусусан барои кӯдакону модарон мусоидат намуда, қадами муҳим дар роҳи рушди соҳаи тандурустии минтақа ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сулаймон Зиёзода дар хоҷагии деҳқонии «Ёқубҷон»-и ноҳияи Шаҳритус бо ҷараёни кишти пахтаи зери плёнка шинос шуд. Замини хоҷагии деҳқонии «Ёқубҷон» 10 гектарро ташкил дода, самти асосии фаъолияти он пахтакорӣ мебошад. Соли 2026 дар 7 гектар пахтаи навъи чинии «Дӯстӣ» бо усули зери плёнка кишт карда шудааст.
Иброз шуд, ки истифодаи чунин усулҳои пешқадам бояд дар дигар хоҷагиҳо низ васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин раванд ба афзоиши истеҳсолот, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳия сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинобар норасоии ҷойи нишаст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди бинои иловагӣ барои 1000 хонанда дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа зиёда аз 3,8 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 синфхона ва хонаи омӯзгорон мебошад. Баъди ба истифода додани он шароити таълим барои хонандагон беҳтар гардида, мушкили норасоии ҷойи нишаст то андозае бартараф хоҳад шуд.
Сокини ноҳияи Шаҳритус дар ҳавлияш ба парвариши намудҳои гуногуни чорво ва паранда машғул буда, аз ҷумла гов, асп, шутурмурғ, товус, тазарв, кабк ва дигар ҳайвонотро нигоҳубин менамояд. Ин фаъолияти хоҷагидорӣ барои таъмини рӯзгори оила ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳми назаррас дорад.
Зимни шиносоӣ ба кори хоҷагидории ин сокини ноҳия баҳои баланд дода шуда, иброз гардид, ки чунин ташаббусҳо метавонанд дар рушди иқтисоди деҳот, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим бозанд. Ҳамзамон саҳми ӯ дар таъмини бозори истеъмолӣ баланд арзёбӣ гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав бо ҷараёни кишти пахта бо усули анъанавӣ шинос шуд. Хоҷагии деҳқонии «Камолиддин-2019» дорои 12,40 гектар замин буда, дар он 9 саҳмдор фаъолият менамоянд.
Кишти саривақтии пахта ва истифодаи усулҳои дурусти агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки ба сифати кишт, нигоҳубини зироат ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Фатҳиддин»-и ноҳияи Носири Хусрав дар 0,65 гектар пиёзи барвақтӣ кишт гардидааст. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 10,76 гектар замин буда, дар 6,3 гектар пахта, дар 1,0 гектар маккадона, дар 1,5 гектар зироати полезӣ ва дар 1,31 гектар дигар намуди зироати кишоварзӣ кишт гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аъзои хоҷагӣ ба истифодаи гуногунсамти замин аҳамияти ҷиддӣ дода, дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни парвариши пилла дар парваришгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» шинос шуд. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар 1,5 гектар парваришгоҳи пилла бунёд гардидааст, аз 22 ҳуҷра иборат мебошад. Масоҳати ҳар ҳуҷра 35 метри мураббаъ буда, дар маҷмуъ 770 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар парваришгоҳ барои 8 нафар ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, ҳоло дар он 480 грамм пилла парвариш меёбад.
Рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, метавонад дар таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади онҳо нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки имконият ва амалӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар ин самт зарур шуморида шуд.
Дар доираи сафар муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни истифодаи самараноки замин, нашъунамои зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти кишоварзон шинос шуд.
Ба масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, истифодаи васеи таҷрибаҳои пешқадам ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд






