Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид

Апрель 2, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат 54,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи якуми даъват аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш дод.

Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буд. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон ва Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд.

Ҳамзамон бархе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамкориро бо мардум зич ба роҳ мондаанд, сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад.

Маҳз фаъолияти назарраси бисёр комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ равонашаванда зиёд шуда, иҷрои нақша сари вақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад.

АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд
Ҷавонони шаҳри Кӯлоб нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро намуданд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Данғара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
ХИЗМАТ ДАР МАКТАБИ БУЗУРГИ МАРДОНАГИЮ ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФ АСТ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд