НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон

Апрель 5, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамеша таҷассуми сулҳу дӯстӣ ва бародарию баробарӣ будааст. Наврӯзи байналмилалӣ аз он рӯзе, ки бо ташаббуси Пешвои миллати мо мақоми байналмилалӣ гирифт, ҳамасола шукуҳу бештар меёбад ва бештар аз пештар  мавриди ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамҷавории халқҳои олам қарор гирифта, дили оламиёнро тасхир кардаву халқҳои оламро ба ҳам меорад.

— Наврӯзи байналмилалии имсола бо иштироки Пешвоёни ду мамлакат-Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар сатҳи баланду муҷалло баргузор гардид.

Наврӯзи байналмилалии имсола бо раъйи Сарони давлатҳои бародари Тоҷикистону Узбекистон бо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон дар шаҳри Тошканд оғоз гардид. Ҷашни Наврӯз дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Узбекистон бо иштироки аҳли илму адаб, вазирони фарҳанг ва раисони иттифоқҳои нависандагони ҳарду мамлакат ба маҳфили воқеии дӯстии шеъру адаби халқҳои тоҷику узбек табдил ёфт. Сухангӯии бузургони илму адаб аз ҳарду ҷониб ва созу навои санъаткорони ҳарду кишвар ба ин ҷамъомад шукуҳи хосса бахшид.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон воқеан ба иди дӯстӣ табдил ёфтанд. Банда дар ин маҳфил иброз доштам, ки дӯстиву бародарии дерини халқҳои моро метавон шабоҳат ба як китоб, як хона ва ё як дил дод. Ончуноне, ки як китоб ё як хонаро ду пора кунем, на китоб китоб мемонаду на хона хона, ҳамчунин як дил агар ду тақсим шавад, наметавонад зиндагӣ кунад. Шабеҳи ҳамин мардуми  тоҷику узбек он қадар давоми таърих ба ҳам омехта шудаанд, ки мисли як китоб, як хона ва як дил наметавон онҳоро аз ҳам ҷудо кард.

Дар ин маврид устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзода хеле ҳаққонӣ гуфта буд:

Фарқи ҳама одамони олам осон,
Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин суол орад ба миён:
Эй ҷӯра,  бигӯ: ту тоҷикӣ ё узбек?

Поянда бод ин пайванд, ки ҳосили дӯстиву бародариву арҷгузорӣ ба ҳамдигар аст!

Дар он маҳфили аҳли илму адаб шеъреро тақдими ҳозирин намудам, ки давоми сафар аз Душанбе то Тошканд дар дохили ҳавопаймо иншо гардид. Он шеър ва се шеъри дигарро, ки ба шарафи дӯстии халқҳои тоҷику узбек эҷод гардидаанд, дар радифи ин Рӯзҳои хуррами дӯстӣ тақдими азизон мегардонам:

ИЛҲОМ АЗ ДИДОРИ УЗБЕКИСТОН

 Зи хоки файзбори Узбекистон

Мунаввар шуд маро ҷисму дилу ҷон!

Ман аз Фарғонаву Хоразму Қӯқанд

Ба лаб қанд омадам, дар дида эҳсон.

Дар ин ҷо амри меҳру дӯстдорист,

Фараҳ меборад аз ҳар хонаву хон.

Дар ин ҷо ишқ механдад ба ҳар лаб,

Дар ин ҷо сулҳ дар ҳар чеҳра тобон.

Худоё, ин садоқатро нигаҳ дор

Ба поси бахти фардои азизон.

Дар ин ҷо тоҷику узбек як халқ,

Ҷудо кардан зи ҳам ин халқ натвон.

Бубин, инак, ба Ҷомиву Навоӣ,

Пас аз садсолаҳо ҳастанд ҳамҷон.

Зиҳӣ ин дӯстӣ, ин пойдорӣ,

Сарафрозӣ чунин то авҷи кайҳон.

На танҳо ҳамдилу ҳамнону ҳамхон,

Бувад ин ҳарду миллат балқи ҳамҷон.

Ба амри Пешвоёни ду миллат

Намеёбад шикаст ин аҳду паймон!

Хушо савту сафои Тоҷикистон!

Хушо, бахту бақои Узбекистон!

 

ТОҶИКУ УЗБЕК

Пайванди як имонем, фарзанди мусалмонем,

Не узбеку не тоҷик, парвардаи як нонем.

Ду дидаи як рӯем, ду соҳили як ҷӯем,

Ду устуни як хона, ду сӯи як айвонем.

Ҳамсояву ҳамқисмат, ҳамхонаву ҳамисмат,

Омехта чун ҳастӣ дар як тану як ҷонем.

Шаҳри ману ту як шаҳр, наҳри ману ту як наҳр,

Ҳатто ба мазоре як кулфатзада сар монем.

Ҳамсояву ҳамхонем, ҳамсурату ҳамсонем,

Ду боли як умеди шаҳбози парафшонем.

Обе, ки ба ҳам омехт, натвон-ш ҷудо бинмуд,

Омехта мо бо ҳам ду рӯди хурӯшонем.

Эй кош миёни мо шӯри туву ман  н-афтад,

З-ин оташи миллаткуш не ман, на ту мемонем.

Аз кина магар рӯзе ғарқобаи хун гардем,

Ё з-ишқу вафо сарсабз чун боғ гул афшонем.

Бигзор ба ҳам бошем ду дасти ба ҳам пайванд,

Ду мисраи як байти ҳамдарду ҳаминонем.

Бигзор шавад шодоб имрӯз дарахти меҳр,

Эй ишқ, ту дарё шав, мо нахли ниёгонем!

ДАР ПАНОҲИ ДӮСТӢ

Тоҷикону узбекон, ҳамҷисму ҳамсон  ин ду халқ,

Ҳамнавову ҳамниё, ҳамнону ҳамхон ин ду халқ.

Он қадар омехта дар ҷисму ҷон хунҳояшон,

Кай тавон аз ҳам ҷудо бинмуд осон ин ду халқ.

Соҳиле ишқу муҳаббат, соҳиле розу ниёз,

Байни ду соҳил яке дарёи эҳсон ин ду халқ.

Ризқашон аз як замину ҳукмашон аз як қазо,

Гашта ҳамқисмат ба амри поки Яздон ин ду халқ.

Додар ин сӯ, хоҳар он сӯ , чун таҳаммул мекунӣ,

Аз ҷудоиҳо магӯ, ҳастанд ҳамҷон ин ду халқ.

Мо ба дӯши ҳамдигар тобути ҳам бардоштем,

Ҳамрасулу ҳамхудо дар роҳи имон ин ду халқ.

Ҷуз гули сулҳу амонӣ нашкуфад дар табъашон,

Аз сафои меҳр боғанду гулистон ин ду халқ.

Зинда бод ишқу муҳаббат, зинда бодо дӯстӣ,

Зинда бодо бо фурӯғи бахти даврон ин ду халқ!

 

ТОҶИКУ УЗБЕК –УЗБЕКУ ТОҶИК

Як ҷону як дил — узбеку тоҷик.

Як обу як гил — узбеку тоҷик.

Узбеку тоҷик худ ноҷудоянд,

Зеро зи як бун, аз як матоянд.

Бо ҳам сиришта аз як сириштанд,

Дар мазраи дил ҳамдону киштанд.

Ҳамбош бо ҳам, ҳамбеша бо ҳам,

Чун ду дарахти ҳамреша бо ҳам.

Узбеку тоҷик — як ҷону як дил,

Узбеку тоҷик — як обу як гил .

Рӯйест Ҷомӣ, рӯйе Навоӣ,

Поянда бодо ин ҳамбақоӣ.

Як ҷисму як ҷон, натвон ҷудо кард,

Хунро зи шарён натвон ҷудо кард.

Узбеку тоҷик, яъне амонӣ,

Яъне муҳаббат, ҳамормонӣ.

Мо як китобем, як хона, як ҷисм,

Як марзи имон, маънои як исм.

Ҳамостонем, ҳамосмонем,

Дар як мазоре ҳамормонем.

Мо ҳаммуҳаббат, мо ҳамнигоҳем,

Мову ту бо ҳам пушту паноҳем.

Ҳамшонаи ҳам, ҳамхонаи ҳам,

Ҳаргиз набуда бегонаи ҳам.

Узбеку тоҷик — як ҷону як дил,

Узбеку тоҷик — як обу як гил.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ
«Ховар»

Апрель 5, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд