Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.
Иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони ноҳия ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Гусели наваскарон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба таври тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни гусели ҷавонон иброз гардид, ки ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву истиқлол ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро чун нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мавсими баҳор ва тирамоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Даъвати баҳорӣ шуруъ аз 1 апрел дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мамлакат бо маросими бошукуҳи гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ дар фазои идона ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






