Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд

Апрель 2, 2026 13:20

МУЪМИНОБОД, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод  нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум  пурра иҷро гардида, даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ равона шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси ноҳия Сайвалӣ Амирзода ба падару модароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ барои хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, изҳори сипос намуд. Иброз гардид, ки ҳар ҷавон вазифадор аст дар ҳимояи марзу буми Ватан саҳм гузорад.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити қисмҳои низомӣ дар саросари ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, барои сарбозон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Ба даъватшавандагон аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия либосҳои варзишӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳкимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

                               АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд
Ҷавонони шаҳри Кӯлоб нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро намуданд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Данғара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
ХИЗМАТ ДАР МАКТАБИ БУЗУРГИ МАРДОНАГИЮ ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФ АСТ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд