«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад

Апрель 9, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Парчами ифтихор дар ҳар хона» иқдоми ватандӯстона амалӣ мегардад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» амалӣ мегардад.

Дар доираи ин иқдом ҷавонон ба кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр баромада, парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб намуданд. Сокинони шаҳр низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба ин ташаббус ҳамраъйӣ намуда, парчамҳоро дар назди хонаҳояшон овехтанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон ва аҳолӣ мебошад.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор дар чунин чорабиниҳо иштирок намуда дар ободии Ватан саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Апрель 9, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд