Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд ва ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии кишвари моро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон тамоюли нигаронкунандаи афзоиши басомад ва давомнокии зуҳуроти тӯфонҳои чанголудро дар кишварҳои минтақа, ки ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, таъкид намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ёдрас шуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, минбари муассири ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар ин самт маънидод намуданд.
Ҳамзамон, аҳамияти қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани Даҳсолаи амал оид ба дастгирии илмҳои криосферӣ (2025-2034) ва таъсиси Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Саммитро ба масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушд, густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва мавзӯи баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон ҷалб намуданд.
Зикр гардид, ки барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ дорад.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди “сабз” аҳамияти хоса касб менамояд.
Таъкид гардид, ки дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши вомбаргҳои “сабз”-ро амалӣ менамояд. Ин қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасии имконияти ташаккули марҳилавии бозори минтақавии карбонро барои дастгирии талошҳо дар самти коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав ба мақсад мувофиқ шумориданд.
Иброз гардид, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист мебошад ва бо назардошти ин, дар Тоҷикистон Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро оид ба ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
“Ин ва дигар талошҳои мо барои ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва таъмини муносибати эҳтиёткорона ба табиат нигаронида шудаанд”, – иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ рушди василаҳои сохтории он ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ зарур шумурда шуд.
Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро, ки дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, таъкид намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуданд.
Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат варзанд.
Дар интиҳои кори Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” Эъломияи муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, Барномаи минтақавии амал барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд






