Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода вобаста ба фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ барои солҳои 2023–2025, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ шуда буд, маъруза намуд. Зимни маъруза ба аҳамияти муҳим доштани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи байторӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва таҳкими назорати байторию санитарӣ равона гардидааст, диққати ҷиддӣ зоҳир гардид.
Ҳамзамон оид ба анҷом додани корҳои назаррас дар доираи фаъолияти Шуро дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвонот, тақвияти иқтидори озмоишгоҳҳо, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии талаботи байторӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар анҷом Муҳаммадсаид Файзуллозода омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкории минбаъда дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, махсусан дар соҳаи байторӣ иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






