СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ барои садҳо гектар заминҳои қобили кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, бо саҳми сокини деҳаи Вотаи ҷамоати Урметани ноҳия Мирзобедил Маизов бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ дар масофаи беш аз 1 км аз дарёи Зарафшон бо насби технологияи пешрафта пойгоҳи обкашӣ бунёд карда шуд, ки тавассути он садҳо гектар заминҳои лалмию бекорхобида бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.
Бунёди чунин пойгоҳи обкашӣ, пеш аз ҳама, ба татбиқи босамари Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи амнияти экологӣ, ҳимояи экосистемаи табиӣ, мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим, бунёди боғҳои интенсивию анъанавӣ ва рушди соҳаи картошкапарварӣ равона гардидааст.
Пойгоҳи дуюми обкашӣ дар қисмати дигари деҳаи Вота аз ҷониби аҳолӣ ба таври дастҷамъона бунёд гардидааст. Тавассути он дар масофаи 700 метр аз дарёи Зарафшон оби полезӣ бароварда шуда, он имрӯз мавриди истифодаи боғдорон ва кишоварзон қарор гирифтааст.
Аз ин пас сокинони маҳал бе мушкилӣ аз ин пойгоҳҳои обкашӣ барои рушди ҳадафҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ истифода мебаранд.
Иқдоми бунёди чунин пойгоҳҳои обкашӣ, ки дар он саҳми ҷомеа, сокинони саодатманду ободгари деҳаи Вота хеле бузург аст, намунаи воқеии ҷонибдории сокинони маҳал аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ













«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд






