ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, якшанбе, 109-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 19, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО шинос шуданд.

***

19 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

***

19 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

19 апрели соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

***

19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил гардид.

19 АПРЕЛ:

Дар Русия- рӯзи нашриёт.

РӮЙДОДҲО:

19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои асосии ҳамгироии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.

***

19 апрели соли 2000 дар қисмати марказии Руминия калонтарин кони тилло дар Аврупо кушода шуд.

***

Соли 1995 дар натиҷаи таркиши маводи тарканда дар иёлати Оклахомаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 168 нафар ҳалок шуданд. Ин таркиш нахустин ҳамлаи террористии азим дар таърихи Амрико ба шумор меравад.

Апрель 19, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш