ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, душанбе, 110-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 20, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ» мавриди истифода қарор гирифт.

***

20 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қонунҳо «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи ниҳолпарварӣ», кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

***

20 апрели соли 2012 дар Кохи Ваҳдат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2012 ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

***

20 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хати барқии 500-киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

20 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбӣ — роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар  Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

20 АПРЕЛ:

Дар Русия- рӯзи миллии донорҳо.

***

Рӯзи забони чинӣ.

РӮЙДОДҲО:

20 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолуддини Румӣ баргузор гардид.

***

20 апрели соли 2017  дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе сиёсати бехатарии давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.

***

20 апрели соли 1949  Конгресси нахустини ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ баргузор гашт.

***

Соли 1940 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин микроскопи электронӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1958 Клуби футболи «Рубин»-и Русия таъсис дода шуд.

Апрель 20, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш