ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, чоршанбе, 112-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 22, 2026 08:00

22 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

22 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Рим—пойтахти Ҷумҳурии Италия  сафари расмӣ анҷом доданд.

***

22 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурӯҳи дӯстии «Фаронса—Осиёи Марказӣ»-и Сенати Ҷумҳурии Фаронсаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

22 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи кор санги асос гузоштанд.

22 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии Замин.

РӮЙДОДҲО:

22 апрели соли 2009 дар Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия муҳокима гардид.

***

22 апрели соли 2012 дар Федератсияи Русия намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» ба фаъолият оғоз намуд.

***

22 апрели соли 2014 ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул дар Форуми  «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 студияи телевизионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

***

22 апрели соли 1957 нахустин Маркази барқу гармдиҳии Душанбе ба кор шуруъ намуд.

***

Соли 2011 масоили густурдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид муҳокима гардид.

***

Соли 1969 дар Хюстон аввалин ҷарроҳии пайвандсозии чашми инсон гузаронида шуд.

Апрель 22, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш