Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст. Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018,2024 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 24 апрел оғоз гардида, то 1 май идома меёбанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






