Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, инқилоби чоруми саноатӣ ва афзоиши таҳдидҳои гибридӣ, муносибатҳои байни илм, давлат ва ҳуқуқ на танҳо омили пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, балки рукни асосии амнияти миллӣ мебошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 иброз доштанд: «Мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд».
Ин се унсур – илм (бахусус илми ҳуқуқшиносӣ), давлат ва ҳуқуқ – дар якдигар таъсири мутақобила дошта, ҳалли масъалаҳои муҳимми замони муосирро таъмин менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳамгироии илм ва давлатро фароҳам овардааст. Моддаи 40 озодии илмро кафолат медиҳад. Моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Моддаи 10 санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ҷузъи низоми ҳуқуқии миллӣ эълон мекунад.
Таҳлили муқаррароти мазкур нишон медиҳад, ки илми ҳуқуқшиносӣ дар сатҳи конститутсионӣ эътироф шудааст, аммо механизми ҳатмии машварати он дар раванди қонунгузорӣ муқаррар нашудааст. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки чинон ки дар Суханронии Пешвои миллат зикр гардид, «меъёрҳои санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои қабулгашта, на ҳама вақт самаранок амал менамоянд».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника (2015) аблағгузории илмро «дар доираи имкониятҳои воқеии буҷет» муайян мекунад. Тибқи Суханронии Роҳбари давлат, дар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли 2023 ин маблағ ба 180 миллион сомонӣ расидааст (беш аз 3000 баробар афзоиш). Аммо саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад – нишондиҳандае, ки Президент онро «умуман конеъкунанда нест» арзёбӣ намудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» (2010) объектҳои экспертизаи ҳатмӣ фақат ба санадҳои марбут ба илм дахл доранд. Лоиҳаи санадҳои андоз, муҳоҷират ё ҷиноятӣ метавонад бе экспертизаи ҳуқуқшиносӣ қабул шавад. Ин ҳолат яке аз сабабҳои паст шудани сифати қонунҳо мебошад.
Стратегияи илм, технология ва инноватсия (то 2030) дар банди 19 «масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ» ҳамчун самти афзалиятнок эътироф шудааст. Аммо дар амал, чинон ки дар Суханронии Президенти кишвар зикр гардид, «нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур аз 122 банд иборат буда, ҳадафҳои барои солҳои 2021–2023 пешбинигардида аз рӯйи 50 банди он иҷро нашудаанд».
Ҷанбаҳои ҳуқуқии рақамикунонӣ мутобиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ — танзими зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, киберҷиноятҳо – ба таври кофӣ таҳлил нашудаанд. Фармони Президенти кишвар аз 8 январи соли 2025, №911 солҳои 2025–2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон кардааст, ки имконияти беназир барои ҳамгироии илми ҳуқуқшиносӣ мебошад, аммо ба таҳлили ҷиддии ҳуқуқӣ ниёз дорад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2025, №1099 яке аз тадбирҳои муҳимтарин дар таърихи навини илми Тоҷикистон мебошад. Тибқи ин фармон, «Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов» ба ду институти алоҳида ҷудо карда мешавад:
1) Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ;
2) Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқшиносӣ, ин қадам ҳуқуқшиносиро ҳамчун соҳаи алоҳида ва мустақили илм эътироф мекунад. Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ (банди 79) соли 2018 танҳо «омӯзиши зарурати таъсис додани институти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ» зикр шуда буд. Соли 2025 ин ҳадаф амалӣ шуд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (моддаи 5), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст масъалаҳои давлатию ҳуқуқӣ-ро омӯзад. Акнун Институти давлат ва ҳуқуқ метавонад ин вазифаро бо тамаркузи амиқ иҷро намояд. Дар асоси Оинномаи худ Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (12 майи соли 2026) корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои давлат ва ҳуқуқ, таҳияи механизмҳои ташаккул ва амалӣ намудани онҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмиро иҷрои намуда, вазифаҳои асосиаш: 1) таҳқиқи ҷанбаҳои ҳуқуқии таҳкими соҳибихтиёрӣ ва давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) таъмини заминаҳои илмии рушди низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) тарҷумаву таҳқиқи осори илмии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва тарғибу ташвиқи меъёр ва падидаҳои муосир; 4) ҷалби нерӯҳои илмӣ-зеҳнӣ барои рушди самтҳои муҳимтарини тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба илмҳои ҳуқуқшиносӣ; 5) омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ҷаҳонии марбут ба тахассуси Институт ва мусоидат ба истифодаи пурраи онҳо; 6) таҳияи пешбиниҳо роҷеъ ба тараққиёти соҳаҳои марбутаи Институт; 7) таҳияи тавсияҳо барои истифодаи натиҷаи тадқиқоти илми ҳуқуқшиносӣ дар амалия ва тарғиби донишҳои илмии соҳавӣ; 8) тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ; 9) такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ дар самти ҳуқуқшиносӣ; 10) гузаронидани экспертизаи ҳатмии илмӣ-ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ. Таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қадами стратегӣ ва мусбӣ мебошад, ки ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» объектҳои экспертизаи ҳатмиро муайян мекунад. Лекин дар ин рӯйхат «ҳама гуна лоиҳаи қонун ва санадҳои зерқонунӣ» вуҷуд надорад. Барои ҳалли ин нуқсон зарур аст, ки талаботи экспертизаи ҳатмии ҳуқуқшиносӣ барои ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳо дар санадҳои дахлдор ворид
Дар асри XXI, бехатарии миллӣ на танҳо ба қувваҳои мусаллаҳ, балки ба амнияти маърифатӣ – қобилияти давлат барои фарқ кардани маълумоти ҳақиқӣ аз бардурӯғ, инчунин пешгирӣ кардани истифодаи зеҳни сунъӣ барои тақаллуби ҳуқуқӣ вобаста аст. Илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон аллакай бо масъалаҳои зерин рӯ ба рӯ шудааст: зеҳни сунъӣ метавонад ҳуҷҷатҳои судиро тақаллуб кунад; шаҳрвандон метавонанд бо ёрии чат-ботҳои равонӣ қарордодҳои ғайриқонуниро тартиб диҳанд; маълумотҳои шахсии шаҳрвандон дар фазои рақамӣ ҳифз намешаванд; шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии паҳнкунии идеологияҳои радикалӣ ва фишингӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина, Институти давлат ва ҳуқуқ пешниҳод мекунад, ки як Маркази миллии киберҳуқуқ таъсис дода шавад, ки вазифаи он таҳлили хатарҳои ҳуқуқии технологияҳои нав ва таҳияи стандартҳои ҳатмӣ барои платформаҳои рақамӣ мебошад.
Ҷамъбасти таҳлили маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳамгироии сегонаи «илм – давлат – ҳуқуқ» қадами ҷиддӣ гузоштааст. Таъсиси Институти мустақили давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун як муассисаи мустақили илмӣ ва эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» далели он аст, ки илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад.
Барои устувор намудани ҳамгироии илм-давлат-ҳуқуқ Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чунин пешниҳодҳо манзур менамояд:
1. Таҳия ва қабули тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», ки тибқи он экспертизаи илмии ҳуқуқшиносӣ барои ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ҳатмӣ гардонида шавад. Ин экспертизаро Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом диҳад.
2. Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти маърифатӣ» таҳия ва ба парлумон пешниҳод карда шавад. Ин қонун на танҳо барои мубориза бо экстремизм, балки барои ҳифзи шуури шаҳрвандон аз таъсироти иттилоотӣ дар муҳити рақамӣ зарур аст.
3. Таъсиси Маркази миллии киберҳуқуқ дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқии ҷомеа дар фазои рақамӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ. Ин Марказ бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти амният, прокуратура ва судҳо фаъолият кунад.
4. Қабули «Консепсияи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050». Он дар асоси таҳлили амиқи таҳдидҳои муосир, мутобиқ ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғанӣ аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва дорои асосҳои қавии илмию амалӣ таҳия карда шавад. шудааст. Он барои таъсиси як низоми муташаккил ва ягонаи ташаккули худшиносии миллӣ, муқовимати самаранок ба таҳдидҳои иттилоотӣ ва идеологӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, тарбияи насли нави ватандӯст, илмомӯз ва дорои тафаккури интиқодӣ, таҳкими пояҳои амнияти миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон заминаи воқеӣ мегузорад.
Хулас, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ заминаи ҳамгироии илм, давлат ва ҳуқуқро фароҳам овардааст. Таъсиси Институти мустақили давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» далели он аст, ки илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад. Қабули Консепсияи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 метавонад асоси устувор ҳамгироии гардидани ин сиёсати ягона — илм, давлат ва ҳуқуқ баромад намояд.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об






