Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 16, 2026 08:53

ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар гардида, он яке аз санаҳои муҳим ва пуршараф дар тақвими ҷашнҳои миллии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа арҷгузорӣ мешавад.

Ҷавонон дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода, онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим мебозанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо дониши замонавӣ андӯзанд, ҳунар омӯзанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.

Яке аз он ҷавононе, ки бо истифода аз фазои мусоиди даврони соҳибистиқлолӣ барои амалӣ кардани нақшаю ниятҳои хубу созанда ба комёбиҳо ноил гардидааст, Даврон Давлат мебошад. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон ба ҳайси сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Имрӯз ӯ дар соҳае ифои вазифа менамояд, ки чандон бо шеъру шоирӣ иртиботи мустақим надорад, аммо муҳаббати самимӣ ба шеъру сухан Давронро ба дунёи рангини адабиёт шинос ва хӯшачини хирвори пурҳикмати назм намудааст.

Ҳамин аст, ки ҳамчун дӯстдори адабиёт дар роҳи эҷод пайваста талош мекунад. То кунун се китоби ашъори ӯ бо номҳои «Баҳорак», «Сайри ҳазормаънӣ» ва «Шаҳнишин» ба табъ расидаанд. Ба ин китобҳо, ки ҳар кадоме муҳимтарин мавзуъҳоро дар бар мегиранд, шоирони маъруфи тоҷик баҳои мусбат додаанд. Китобҳои «Сайри ҳазормаънӣ» ва «Шаҳнишин» бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ва ҳамчунин бо хати ниёгон нашр шудаанд.

Дар китоби нахустини эҷодкор таъкид шудааст, ки муҳаббат ба шеър дар дили Даврони Давлат аз овони донишҷӯӣ реша гирифтааст. Ӯ алифбои шеърро бо мадади омӯзгорон ва эҷодкорони шинохта хуб омӯхтааст. Барои шоире, ки шеъри суннатӣ ва озод эҷод мекунад, донистани вазни арӯз хеле муҳим аст. Мутаассифона, баъзе нафароне, ки дар олами шеър табъ меозмоянд, вазни арӯзро ба таври бояду шояд намедонанд. Ин омил боис мегардад, ки эҷодкор дар ҷомеа мақом пайдо накунад. Барои ҳар нафаре, ки вориди олами шеър мешавад, донистани вазни арӯз ҳатмист. Даврон Давлат вазни арӯзро ба таври зарурӣ медонад. Шеърҳои ин эҷодкори навҷӯ самимӣ буда, шоир мақсаду мароми худро тавонистааст бо мазмуни хос иброз дорад. Новобаста ба он ки шоири хушзабон худро дар олами эҷод шинохтааст, ҳанӯз меомӯзад ва маҳорати сухангӯияшро тақвият медиҳад. Ҳақиқати ин идеяро ҳангоми муқоисаи китобҳои шоир хуб дарк менамоем, яъне ҳунари Даврон рӯз аз рӯз, аз шеър то шеър ва аз китоб то китоб рушду такомул меёбад.

“Дар соҳае, ки имрӯз фаъолият мебарам, яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисоди миллӣ мебошад ва раванди бонизоми он аз ҳар мутахассис масъулияти баланд талаб мекунад. Ман низ бо андӯхтани махсусияти ин касб талош дорам, ки дар пешрафти соҳаи энергетика ва ҳамчунин шукуфоию зебоиҳои шаҳри Душанбе ҳиссаи арзанда гузорам. Бо эҳсоси масъулият дар корҳои худ ҳамчунин ба шеъру сухан ва адабиёти пурҳикмат таваҷҷуҳи зиёд дорам. Дар ин баробар дастовардҳои арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду густариш ёфтани фарҳангу адабиёти миллати тоҷик дар вуҷуди ман ҳамчун фарзанди ин диёри ҳамешабаҳор эҳсоси волоеро бедор мекунанд”,- изҳор медорад Даврон Давлат.

Дарвоқеъ, мазраи илҳоми ин ҷавони эҷодкор аз муҳаббати Ватан, сарсабзию пешрафтҳои он, ашъори шоирони классик ва муосир шодоб мебошад. Даврони Давлат бештар ба эҷоди ғазал таваҷҷуҳ дорад ва ин раванд гувоҳи он аст, ки шоир нисбат ба ин жанри шеърӣ муҳаббати хос дорад. Даврон Давлат дилбохтаи ғазал аст. Ӯ бо эҷоди ғазал дар мавзуъҳои гуногун дурри суханро суфтааст ва зимни мутолиаи осораш аён мешавад, ки ӯро ишқ ба олами эҷод овардааст. Ин ишқ мафҳуми густурдаеро ифода мекунад. Дар эҷоди шеър ин эҷодкорро ишқ ангеза мебахшад. Ишқи ёру диёр, ишқи давлату миллат, забону фарҳанг, ишқи муқаддасоти миллӣ, ишқи тамаддуни рангин ва ишқи пайванди дирӯзу имрӯз.

Бештари чакомаҳои китобҳои нашрнамудаи ин эҷодкор ба мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ ихтисос дода шудаанд. Дар ин шеърҳо муроду мақсади муаллиф равшан ифода ёфтаанд.

Даврон Давлат шоирест, ки ҳар чакомааш оҳанги шукрона дорад ва хонандаро ба сӯи худшиносӣ ва худогоҳӣ ҳидоят мекунад. Таъкиди ӯ дар мавриди бузургии Пешвои миллат арзандаи таҳсин ва истиқбол аст.

Нур меборад зи рӯят, ҷонфидо, эй Пешво,
Файз меорад ҳузурат ҳар куҷо, эй Пешво.

Шуъла мерезад зи чашмат, шуълаи гармии қалб,
Мешавӣ дармони дарди бедаво, эй Пешво.

Аз баландиҳо каломат борҳо бишнидаем,
Ҳар каломат мешавад панде ба мо, эй Пешво.

Дасти ёрӣ медиҳӣ бар бекасу дармондагон,
Ҳимматат бошад зи гил то бар само, эй Пешво.

Рӯи дунёро намоӣ ғамгусорӣ баҳри об,
Гӯядат аҳли башар ҳамду сано, эй Пешво.

Мо табори шоҳи Исмоили Сомонему боз
Ҷонфидову пайрави роҳи Шумо, эй Пешво.

Сулҳу ваҳдатоварӣ кардӣ мароми хештан,
Миллати худро зи ғам кардӣ раҳо, эй Пешво.

Васфи аъмолат зи шеъру байти Даврон бишнавам,
Дар раҳи фардои мо нуру зиё, эй Пешво.

Даврон Давлат даъвои шоирӣ надорад ва ба олами шеър омадани ӯ бо хоҳиши дил ва оромиши руҳ амалӣ гардидааст. Ӯ зиндагии худро бе шеър тасаввур намекунад, яъне рӯзгори худро доим бо шеър ранг мебахшад.

Шеър ҷузъи муҳими зиндагии ӯ гардидааст.

Ӯ хушнудии худро бо шеър мегӯяд, андӯҳи дилашро бо шеър мебарорад ва бо шеър роз мегӯяд. Шеъри ӯ ниёзи руҳ аст….

Китобҳои таълифнамудаи ин эҷодкор «Баҳорак», «Сайри ҳазормаънӣ» ва «Шаҳнишин» ҷолибу хонданӣ мебошанд.

Хонанда аз ҳар чокома маънӣ мебардорад.

Субҳи сафо биомад бар шоми мо зи Ваҳдат,
Шурби вафо биомад бар ҷоми мо зи Ваҳдат.

Дунёи пур зи ваҳшат рангину дилрабо шуд,
Сад равза во биомад инъоми мо зи Ваҳдат.

Он рӯзи сахту сангин гардида некрӯзӣ,
Созу наво биомад пайғоми мо зи Ваҳдат.

Ин меваи саодат ҳар ҷо, ки пухта гардид,
Шаҳди ғизо биомад ҳар хоми мо зи Ваҳдат.

Ғамҳо зи дил зудуда, иқбол парфишон шуд,
Нуру зиё биомад бар боми мо зи Ваҳдат.

Шуд шохаҳои меҳраш пурбор аз муҳаббат,
Арши само биомад икроми мо зи Ваҳдат.

Аз ранҷ дар канорем, бо айш дар хуморем,
Бахти расо биомад бар коми мо зи Ваҳдат.

Сад шеъру сад тарона бо завқ месароем,
Файзи Худо биомад илҳоми мо зи Ваҳдат.

АКС аз бойгонии Даврон Давлат

Май 16, 2026 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ: СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад