Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми Tajik–China Digital Business Connect Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ ва платформаҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи вохӯриҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои гузариш ба низоми рақамӣ, инноватсия ва рушди технологӣ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, бо раиси Guoxing Network Co., Ltd. Ян Юн (Yang Yong) ва директори Маркази пешбурди интернети саноатии Роҳи абрешим (Center for Promotion of Industrial Internet of Silk Road) вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар соҳаи интернети саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои 5G, зеҳни сунъӣ ва интернети ашё, омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси Digital Silk Road баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин вохӯрӣ бо менеҷери генералӣ оид ба шарикиҳои глобалии ByteDance (TikTok) Брюс Ченг (Bruce Cheng) доир шуд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои рушди экосистемаи инноватсионӣ, дастгирии стартапҳо, муҳтавои рақамӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи тенологияҳои иттилоотӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар самти гузариш ба низоми рақамиро муҳокима карданд.
Бо директори иҷроияи бахши тиҷорати ҷаҳонии хизматрасониҳои давлатии Huawei Саид Ся (Saeed Xia) низ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар доираи он имконияти ҳамкорӣ дар самти гузариш ба низоми рақамӣ дар бахши давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи қарорҳо дар соҳаи ҳукумати электронӣ, технологияҳои абрӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом президенти Zhonghe Silk Road Digital Technology Co., Ltd. бо Тонг Дан (Danny Tong) вохӯрӣ намуд. Зимни он дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои шаҳри ҳушманд (Smart City), иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ, инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими шарикии технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташаббуси Роҳи абрешими рақамӣ муҳокима гардид.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид






