Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва таҳкими рақобатҳои геополитикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр кӯшиш менамояд, ки сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ, ҳамкории мутақобили судманд ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад. Дар ин раванд муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мавқеи махсус дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат ба шумор мераванд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин таърихи қадимӣ дошта, решаи он ба давраҳои фаъолияти Роҳи бузурги абрешим рост меояд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим сарзамини тоҷикон ҳамчун маркази муҳими тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Шарқ ва Ғарб хизмат мекард ва муносибатҳои иқтисодию фарҳангии халқҳои минтақа, аз ҷумла байни тоҷикон ва чинҳо тавассути ҳамин роҳ ташаккул меёфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз намудаанд, ки «муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони “Роҳи бузурги абрешим” идома доранд. Дар ин хусус нигораҳои хаттии қадимии суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд.
Ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмию академӣ бо унвони “Номаҳои куҳна” мешиносанд. Дар ду кишвар, аз ҳар ҷое, ки “Роҳи абрешим” мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо боқӣ мондаанд».
Муносибатҳо байни халқҳои тоҷику чинӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори муаррихони қадим дар бораи робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатии онҳо маълумот оварда шудааст. Роҳи бузурги абрешим, ки аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузашт, дар ташаккул ва густариши робитаҳо байни халқҳои минтақа нақши муҳим бозидааст. Тоҷикистон, ки дар маркази ин роҳ қарор дошт, ба ҳайси пули иртиботӣ байни тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб хизмат мекард.
Таърихшиноси чинӣ Сима Ҷян дар асари машҳури худ «Ши Ҷи» дар бораи давлатҳои Бохтар ва Суғд маълумот дода, муносибатҳои тиҷоратии онҳоро бо Чин шарҳ медиҳад. Сафарҳои намояндаи империяи Хан — Чжан Сян ба Осиёи Марказӣ дар асри II пеш аз милод ба густариши робитаҳои байни минтақа мусоидат намуданд.
Ба андешаи олимони тоҷик, муносибатҳои халқҳои Осиёи Марказӣ бо Чин яке аз саҳифаҳои муҳими таърихи тамаддуни Шарқ ба шумор рафта, дар ташаккули робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа нақши муҳим бозидаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» чунин менависад: “Давлати Ҳайтолиён бо мақсади густариш додани робитаҳои иқтисодӣ ва устувор намудани мавқеи худ дар тиҷорати абрешим, ҳатто соли 456 ба Чин ҳайати сафорати хосса фиристода буд. (Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 1. — С. 264).
Дар асрҳои миёна тоҷирони тоҷик ба шаҳрҳои Чин сафар намуда, молҳои гуногун, аз ҷумла матоъ, ҷавоҳирот ва маҳсулоти ҳунармандиро интиқол медоданд. Аз Чин ба минтақаи тоҷикнишин абрешим, коғаз ва маҳсулоти оҳанин оварда мешуд. Ин мубодилаҳо на танҳо хусусияти иқтисодӣ, балки фарҳангӣ ва илмӣ низ доштанд.
Давлати Ҳайтолиён соли 497 бо империяи Чин муносибати мусолиҳатомезро пеш гирифт ва то ҷое корвонҳои ҳомили абрешими савдогарони чинӣ ва суғдию бохтариро аз тохтутозу ғоратгариҳо эмин дошт. Дар ҳамин давра, ба хотири ба роҳ мондани муносибатҳои мусолиҳатомез бо империяи Чин Ҳайтолиён дар солҳои 516-520 ва 526 чандин дафъа ба Чини ҷанубӣ ҳайати сафорат фиристоданд. (Гумилев Л.Н. Древние тюрки. — М. 2004. — С. 20-22).
Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи 1992 барқарор шуда, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 ифтитоҳ ёфтанд.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023, 2026 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ намудаанд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2024) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 доир гардида, зимни он ба ҳамкории дуҷониба заминаҳо гузошта шуданд.
4-6 июли соли 2024 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин таъкид намудаанд, ки «бо таваҷҷуҳ ба оянда мо омодаем, ки бо дӯстони тоҷик нақшаи муҳташами табодули дӯстонаро тартиб диҳем ва ба хотири ояндаи дурахшони Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи судманд саҳифаҳои нав боз намоем».
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 300 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор пояи ҳуқуқӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расид, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овард.
Ҳамзамон Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 11 то 14 майи соли равон идома ёфт, ба имзо расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи аз ҷиҳати геополитикӣ ҳассоси Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини амният, ҳифзи истиқлол ва таҳкими суботи сиёсиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор дод. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сиёсати хориҷӣ ва асосгузори муносибатҳои стратегии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, махсусан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле бузург ва таърихӣ мебошад. Ҳамаи муносибатҳои некбинона, хайрхоҳона ва робитаҳои дӯстию ҳамсоягии давлати мо маҳз ба сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, бо қарори Шурои илмию таълимии Донишгоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд, ки далели ин гуфтаҳо мебошад. Дар ташаккул ва таҳкими ин ҳамкорӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба сиёсати мутавозин ва мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ табдил ёфт.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ дӯстии қавии дуҷониба, шарикии стратегӣ, бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва эҳтиром байни ду кишвар ба роҳ монда шуд, ки ба нафъи ҳарду давлат ва мардумон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “боиси фараҳмандист, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд”.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идомаи мантиқии сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистон буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин сафар дар шароите амалӣ гардид, ки минтақа ва ҷаҳон бо таҳаввулоти мураккаби геосиёсӣ, рақобатҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегӣ бо Чин барои Тоҷикистон аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар доираи ин сафар дар самти фарҳанг ва иттилоот низ якчанд санадҳо ба имзо расиданд, ки ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории расонаӣ байни ду давлат мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Имзои ин санад бозгӯи сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ ва иродаи қавии роҳбарияти Тоҷикистону Чин ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи иттилоот мебошад.
Бояд гуфт, ки 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд. Аз ҷумла, зимни суҳбат Сарвари давлат таъкид намуданд, ки равобити Тоҷикистону Чин воқеан солҳои охир дар ҳоли рушди босуръат мебошанд ва кишварҳо фаъолона дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ робитаҳои мутақобили судманд ба роҳ мондаанд: “Мехоҳам қаноатмандии худро аз сатҳи баланди эътимод, муколамаи ошкоро ва созанда миёни ман ва дӯстам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намоям. Қобили таъкид аст, ки абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ фаъолияти пурсамар доранд”.
Роҳбари давлат ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби ин созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”, вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду давлат, аз ҷумла дар марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух доданд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин чун кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ дар марҳалаи муосир ба сатҳи баланди эътимод, манфиатҳои муштарак ва ҳамкории дарозмуддат расида, барои рушди иқтисодӣ, таҳкими субот ва густариши мавқеи ҳарду давлат дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.
Рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, барои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳарбӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар натиҷаи сиёсати дурандешона муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба расиданд. Ин сиёсат бар асоси эҳтироми манфиатҳои миллӣ, ҳамкории мутақобили судманд, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҷаҳон ташаккул ёфтааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин сиёсат ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегӣ мавқеи махсусро ишғол намуд. Ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду давлат дар асоси манфиатҳои муштарак рушд намуда, барои таҳкими суботи минтақа аҳамияти калон дорад.
Расул МАҶИДЗОДА,
номзади илми филология
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?






