Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид

Май 19, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар оромгоҳи Лучоб  маросими дар оромгоҳҳои алоҳида  гузоштани қисмате аз хоки гӯристонҳои шахсиятҳои таърихию ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва  Нисор Муҳаммад, ки аз шаҳри Москваи Федеретсияи Русия бо иқдомоти беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуданд, бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки имрӯз дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик саҳифаи наву пуршарафе боз хоҳад гашт. Қисмате аз хоки гӯристони  се шахсияти таърихиву ҷонфидои миллат- Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро, ки қурбони беадолатиҳои соли 1937-и замони Шуравӣ гаштаанд, дар Ватанамон ба замин мегузорем.

Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум соли 1881 таваллуд шуда, яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ маҳсуб мешавад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм то Раиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1929 бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаю ҷасуронаи Нусратулло Махсум ва дигар ватандӯстони миллат Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мухтор ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ табдил дода шуд.

Нусратулло Махсум 8 июли соли 1937 дар шаҳри Москва ба ҳабс гирифта шуда, ба иттиҳоми сохтаи фаъолияти зиддишуравӣ айбдор гардида, 1 ноябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд.

28 декабри 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳоди Прокурори генералии Иттиҳоди Шуравиро баррасӣ намуда, ҳукми айбдориро дар ҳаққи Нусратулло Махсум бекор намуда, ӯро сафед кард.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 2006 Нусратулло Махсум сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Шириншо Шоҳтемур соли 1899 ба дунё омадааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд. Баъди тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна дар соли 1924 Шириншо Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъйин гардида, аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Душанбе ба кор фиристода шуд. Ҳамзамон Шириншо Шоҳтемур амалиёти зидди босмачиёнро роҳбарӣ мекард.

Моҳи июни соли 1930 дар Анҷумани якуми муассисии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ интихоб гардид. Ӯ соли 1933 Раиси Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда, ин вазифаро то моҳи июли соли 1937 ба уҳда дошт.

Шириншо Шоҳтемур аз нахустин ходимони давлатие буд, ки дар таъсиси давлату давлатдории тоҷикон нақши калидӣ доранд.

9 июли соли 1937, замоне ки Шириншо Шоҳтемур дар шаҳри Москва қарор дошт, аз ҷониби кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо гуноҳи бофтаву сохтаи иштирок дар ташкилоти миллатгароёнаи зиддишуравӣ айбдор гардида, 27 октябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд.

11 августи соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми айбдории Шириншо Шоҳтемурро бекор намуда, ӯро сафед кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба Шириншо Шоҳтемур барои хизматҳои бузургаш дар поягузории давлати Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи фарзандони ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур зинда гардонида шуда, ҳамчун қаҳрамони миллӣ муаррифӣ карда шуданд.

Чеҳраи барҷастаи таърихӣ Нисор Муҳаммад соли 1897 дар шаҳри Пешовар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1919 ба муҳоҷири сиёсӣ табдил ёфта, дар  Осиёи Марказӣ паноҳ бурдааст.

Соли 1928 ба узвияти Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон қабул гардид. Нисор Муҳаммад дар вазифаи комиссари халқии маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ дар Тоҷикистон пояи маориф ва илмро гузошт. Бо талошҳои ин шахсияти барҷаста аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳо таъсис ёфтанд, инчунин нахустин донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳрҳои Тошканд, Москва ва Ленинград фиристода шуданд.

Нисор Муҳаммад дар табдил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1929 нақши муҳим бозидааст.

Нисор Муҳаммад 22 октябри соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи фаъолияти зиддишуравӣ айбдор гардида, ба қатл расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад, ки аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо иқдоми беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуданд, бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад