МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад

Май 30, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ гирифтории аҳолӣ аз бемории  диабети қанд  ва коҳиш додани шумораи беморони гирифтори он  «Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»  қабул гардид. Сабабҳои асосии пайдоиши беморӣ кадомҳоянд ва барои пешгирӣ намудани он кадом чораҳоро бояд амалӣ намуд?

Ташхиси беморӣ аз нигоҳи мутахассисон

Диабети қанд беморие аст, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ва ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, на ҳама беморони гирифтори диабети қанд дар бораи бемор буданашон сари вақт хабардор мегарданд. Нишонаҳои бемориро намедонанд, ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва аз дигаргунии дар вуҷудашон пайдошуда хабар намедиҳанд. Барои ин зарур аст, ки соле як-ду маротиба ҳар фард аз ташхиси мутахассисони тиб гузарад.

Диабети қанд аз гурӯҳи бемориҳои мубодилавӣ аст, ки хусусияти баланд шудани қанди хунро дорад. Он дар натиҷаи ихтилолҳои офариниши инсулин, таъсири инсулин ё дар натиҷаи таъсири ин ҳар ду омил ба вуҷуд меояд.

Мутахассисон дуруст мегӯянд, ки баробари огоҳӣ ёфтан аз беморӣ бархе зуд ноумед шуда, ба тарсу ҳарос меафтанд. Чунин ақида дар онҳо пайдо мешавад, ки диабети қанд умри онҳоро кӯтоҳ менамояд ва табобаташ имконнопазир мебошад. Аммо агар ба маслиҳати мутахассисон диққат дода, бо дастуру фармоиши онҳо барои саломатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, шифо меёбанд ва умри дарози пурсаодатро соҳиб мешаванд.

Навъҳои диабети қанд

Илми тиб то ҳол якчанд навъи диабети қандро муайян намудааст, вале бештар мардум ба ду навъи он гирифтор мешаванд:

  1. Ба бемории қанди навъи якум одатан одамон дар синни наврасӣ ва ҷавонӣ гирифтор мегарданд. Аммо солҳои охир маълум шуд, ки ба ин навъи беморӣ инсон метавонад новобаста аз синн гирифтор шавад. Диабети қанди навъи якум дар натиҷаи вайроншавӣ ё нобудшавии бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда пайдо мешавад, ки одатан ба норасоии мутлақи инсулинӣ бурда мерасонад.
  2. Ба бемории навъи дуюми қанд бештар калонсолон гирифтор мешаванд. Ин навъи бемориро нисбатан сабук медонанд, аммо ин фикр нодуруст аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин беморӣ низ дар ҳолати риоя накардани табобат мисли диабети қанди навъи якум барои инсон хавфнок аст. Сабаби пайдо шудани диабети навъи дуюм, аз як тараф, истодагарӣ карда натавонистани организм (инсулинорезистент) бошад, аз ҷониби дигар, қобилияти инсулинофарии бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда мебошад.

Сабабҳо ва омилҳои мубталошавӣ

Сабабҳои аслии пайдоиши бемории диабети қанд аз нигоҳи илми тибби имрӯза ирсият,   фарбеҳии зиёд, тарсу ҳаяҷон, камҳаракатӣ,  атеросклерози рагҳо, бемории фишорбаландии хун, бемории ҷигар ва гурдаҳо ва истифодаи зиёди тамоку мебошанд.

Пешгирӣ ва табобат

Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд — ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған ва шӯру тунд мебошад. Инчунин вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ доштану ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан барои рафъи ин беморӣ муҳим аст.

Мувофиқи маслиҳати мутахассисон, барои бемор парҳез дар ҷойи аввал меистад. Парҳез фоҷиаву ноумедӣ нест ва як роҳи осони раҳоӣ аз аксар бемориҳо аст. Табибон дар ҳама давру замон бар он ақидаанд, ки хӯрокҳои парҳезӣ (зудҳазм) истеъмол намудан ҳатто барои одамони комилан саломат низ муфид аст. Парҳез намудан пеши роҳи пурхӯриро низ мегирад.

Ғизоҳои парҳезӣ барои беморон

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳоро тавсия медиҳанд:

– нони сиёҳ ва сафед дар як рӯз 200-300г;

– шӯрбои обпаз аз сабзавот. Шӯрбои сабук аз гӯшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;

– гӯшти гов, гӯсола, мурғ, хурӯси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;

– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;

– таом ва хӯришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хӯриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 г). Дар як шабонарӯз 900-1000 г сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;

– таом ва хӯришҳо аз маҳсулоти лӯбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;

– тухми нимпаз 1-2 дона/дар рӯз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;

– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимӯ ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғ.) то 200г/дар рӯз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;

– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё самбӯсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;

– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;

– хӯришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;

– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;

– равғани маска ва растанӣ дар як рӯз 40г (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 30, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд