НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила

Май 14, 2026 15:12

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст.

— Мафҳуму моҳияти оиларо касе беҳтар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасниф накардааст, ки фармудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбад».

Яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ низ фарҳанги оиладорӣ мебошад. 21 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба хотири беҳдошти фарҳанги суннатии миллӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд. Ҳадафи асосии ин иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ маҳсуб мешуд. Бе муболиға ва тамаллуқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёгузори мактаби беназири тарбияи фарзанд мебошанд, ки аз файзи он соҳаҳои гуногун баракат ёфта истодаанд. Танҳо ёдовар шудан аз фаъолияти пурмаҳсул, ибтикори камназири се дастпарвари ин мактаб — Раҳмон Озода Эмомалӣ, Рустами Эмомалӣ ва Рухшонаи Эмомалӣ моро ба воқеияти ин гуфта муътақид мекунад. Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

Илова бар ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобил ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. Муҳимтар аз ҳама, танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму ойини динӣ анҷом дода шудааст, эътибори қонунӣ надорад. Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ аз солҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо назардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шуданд.

Дар баробари ин суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ ҳифз карда шаванд. Ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо паст гардидани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошанд, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф гардонидааст. Масъалаи ташвишоваре, ки дар айни замон дар ҷомеа ҷой дорад, ин масъалаи вайроншавии оилаҳост, ки сол то сол раванди болоравӣ касб мекунад. Омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, огоҳ набудан аз маърифати оиладорӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин раванд суст ҷараён гирифтани шартномаи ақди никоҳ низ таъсиргузор аст. Маҳз нофаҳмии байни арӯсу хушдоман боис ба вайроншавии оилаҳо мегардад. Аз дигар тараф, барвақт ба шавҳар додан, такя кардан ба анъанаҳои қадимӣ, аз қабили гаҳворабахш низ боиси нофаҳмиҳо мегардад. Бояд эътироф намоем, ки густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро давоми садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад. Раванди болоравии вайроншавии оилаҳо ва оқибатҳои вазнини иҷтимоии он дар назди давлат ва ҷомеа вазифа мегузорад, ки барои боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд, то ин ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад.

Ин равандро Кодекси оила танзим намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба он такони ҷиддӣ бахшиданд. Қабули Консепсияи рушди оила идомаи мантиқии ин раванд буда, ин ҳуҷҷати муҳим бо назардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таъсири манфии баъзе воситаҳои ахбори омма ба тарбияи дурусти фарзандон ҳуҷҷати муҳим дар самти тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Дар маҷмуъ, мақсади қабули консепсияи мазкур — таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба таъмини принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва баланд бардоштани масъулияти оила дар иҷрои вазифаҳои худ заруру ногузир аст. Ба ғайр аз ин, дар мадди назар қарор додани ташаккули механизми дастгирии оилаҳо, ба таври васеъ фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, тақвияти ҳифзи солимии репродуктивӣ ва пешгирии омилҳои ба исқоти ҳамл мусоидаткунанда, татбиқи ҳамаҷонибаи меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ барои боз ҳам боло рафтани мақоми оила дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Табиист, ки омилҳои мазкур аз маърифати оиладорӣ маншаъ мегиранд. Маърифати оиладорӣ маҷмуи дониш, маҳорат, таҷриба ва тасаввурот мебошад, ки ба туфайли он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Агар ин омил дар мадди назар қарор гиранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ такмил ёфта, заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила мусоидаткунанда фароҳам оварда мешаванд. Хеле рамзӣ аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор гирифт, вазифаю уҳдадориҳои волидайн пурра баён гардидаанд. Аз ҷумла, муқаррар карда шудааст, ки дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ» таълим дода шавад. Ҳадаф аз ин пешниҳод дар замири ҷавонони дар остонаи ҳаёти мустақилона қарордошта тарбия намудани ҳиссиёти падарию модарӣ мебошад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар ҷавонписару ҷавондухтар дар дил нияти ташкили оилаи хушбахт, падар ё модар шудан, соҳиби фарзандони солим гардиданро дорад. Барои расидан ба ин ниятҳои нек барои ҷавонписарону ҷавондухтарони мактабхон масъулияти падару модар дар назди фарзанд, уҳдадориҳои оиладорӣ барин омилҳои муҳимро донистан аҳамияти калон дорад. Яке аз олимони забардасти ҷаҳони ислом Муҳаммад Ғаззолӣ (р) вазифаҳои падару модар дар назди фарзандро аз инҳо иборат донистааст: ба фарзанд номи зебо гузоштан; дар ӯ беҳтарин хислату фазилатҳои инсониро тарбия намудан; ӯро саводнок кардан; истеъдодашро такмил додан; касбу ҳунар омӯзонидан; ӯро ба ҳамсари шоиста хонадор намудан; бо хонаву дар таъмин намудан; дар тақсимоти мерос миёни фарзандон боадолат будан. Тарбияи оилавӣ мураккаб буда, ба дониши падару модар оид ба тарбияи фарзанд вобаста аст. Дар ин бахш муҳити солими оилавӣ, обрӯи падару модар, реҷаи дурусти рӯз, ҷалб кардани фарзанд ба хониш, меҳнат ва китоб аҳамияти калон дорад.

Тарбияи инсони бофазилат, боақлу фаросат ва дорои тафаккури баланд аз оила оғоз меёбад. Барои тарбияи оиладориро дуруст ба роҳ мондан, пеш аз ҳама, худи падару модар бояд тарбиятдида бошанд. Ба вуҷуд овардани муҳити мустаҳкаму солим дар оила дар ҷаҳонбинию фаросати падару модар, эҳтиёҷу хоҳиш, мақсаду вазифаҳо, масъулиятнокӣ, фаъолият, истироҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, фарзандро аз кӯдакӣ ба мустақилӣ, муносибати самимӣ ба атрофиён одат кунонидан намоён мешавад. Ҷавонони дар остонаи оиладорӣ қарордошта бояд хуб донанд, ки бо вуҷуди аз лиҳози ҳуқуқӣ дар як мизон қарор доштани зану шавҳар онҳо аз нуктаи назари биологӣ, ҷисмонӣ ва руҳӣ яксон нестанд. Аз ин рӯ, дар масъалаи вазифаҳои марду зан, тарбия кардани фарзандон, тақсимоти меҳнат ва уҳдадориҳо якчанд фарқият мавҷуданд.

Тарбияи фарзанд дар оила чанд хусусияти педагогӣ- психологӣ дорад. Якум, шоҳсутуни оила — ин иззату эҳтироми байниҳамдигарии зану шавҳар, хушмуомилаву ширинсухан будан, ба якдигар кумак расонидан ва ҳамдигарфаҳмист. Дар тарбияи фарзандон ин хислатҳо аҳамияти калон доранд, зеро фарзанд метавонад насиҳатро фаромӯш кунад, аммо чизи мушоҳидакардаашро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Бояд ба тарбияи келину домоди ҷавон эътибори алоҳида дод, зеро риоя накардани адолат дар ахлоқ ва ҳуқуқ миёни падару модар ва фарзандон метавонад боиси пайдошавии сифатҳои манфӣ гардад. Дуюм, дар оила ба кӯдакон аз хурдӣ хислатҳои ҳамидаро омӯзонидан зарур аст. Дар ин ҳол зимни ҳалли масоили ҳаётӣ дониши падару модар, маънавиёт, худро идора карда тавонистан аҳамиятнок аст. Барои дар фарзанд такмил ёфтани хислати башардӯстию адолатпарварӣ аз ибрати шахсӣ нишон додан, суҳбат, баҳс ва мунозира истифода бурдан мумкин аст. Баъзан ибораи «ҷинояткори аз оилаи солим баромада» дар байни ҳуқуқшиносон, педагогҳо, ҷомеашиносон, кормандони бахши кор бо ноболиғон зиёд дучор меояд. Аз рӯи баъзе маълумот, аксар ҷавонони даст ба ҷиноятзадаи шаҳру вилоятҳо аз оилаҳои солим ва аз лиҳози моддӣ таъмин ва таълиму тарбиягирифтаанд. Ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки онҳо аз падару модар ибрати бад гирифта бошанд ё аз ҷиҳати моддӣ азоб кашидаанд ва ё дар ҳуҷраҳои тангу тор ба воя расидаанд. Пас саволе пеш меояд, ки сабаб дар чист? Дар ҳар ҳолат ҳам сабаби асосиро аз оила, таҷрибаҳои дар ҳаёт андӯхта, тарзи ҳаёти маънавӣ — ахлоқӣ ва мавқеи ӯ дар оила ҷустан зарур меояд. Аз ин ҳама хулосае бармеояд, ки дар тарбияи насли наврас муҳити оилавӣ таъсири хосса дорад. Муҳит гуфта, пеш аз ҳама, муносибатҳои байниҳамдигарии аъзои оила, тарзу усулҳои таъсиррасонӣ ба кӯдакон, маҷмуи дигари муносибатҳоро дар назар дорем.

Ташкили оила мақсади ҳар инсон мебошад. Ҳар ҷавоне, ки ба синни балоғат мерасад, дар дил орзуи оила барпо намудан, хушбахт шудан, фарзандони солиму солеҳ ба дунё оварданро мепарварад. Падару модар баҳри хушбахтии фарзандонашон кӯшишҳои зиёд менамоянд, гарчанде бархе аз онҳо дар ин саҳмгузориҳо ба хатоҳои ҷиддӣ ва ислоҳнопазир роҳ медиҳанд. Яке аз иштибоҳҳои волидайн ин аст, ки онҳо фарзандонашонро бо хешу таборони наздикашон хонадор месозанд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки вақти хонадоркунии ҷавонон нақши асосиро мавқеъ ва майли падару модар мебозад ва ҷавонон аз интихоби онҳо сарпечӣ накарда, ин амалашонро дурусту хирадмандона дониста, хомӯширо пеша месозанд. Албатта, ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки ҷавонони саодатманди мо ба гапи волидайни худ гӯш мекунанд ва ин аз ақлу заковат, эҳтироми фарзандони тоҷик нисбат ба онҳо шаҳодат медиҳад. Вале ҷавонон бояд аз издивоҷ бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд, чунки ин гуна оиладорӣ пайомадҳои ногувор дорад. Чуноне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудаанд: «Имрӯз дар қаламрави кишвар 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд». Бинобар ин, аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавононро мебояд, ки аз издивоҷ бо хешу табор даст кашанд.

Оила кохест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Ба шарофати он зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад. Боварии комил дорем, ки ҳар фарди ҷомеа барои пойдории оила хизмати шоиста мекунад.

Фарзона ХОҶАЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2026 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Маводҳои таҳлилӣ