РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сохтмони ду корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷоҳак» 100 тонна оҳаксанг дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода супоридан дар он то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳамчунин сохтмони корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» бо саҳми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда, иқтидори лоиҳавии он 100 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона баъди ба истифода додан 100 нафарро ташкил хоҳад дод.
Имрӯзҳо дар шаҳри Истиқлол корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози 35-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо карда, ҳар шанбе кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинон барои тозаю озода гардонидани кӯча, маҳалла ва шаҳракҳо ба ҳашар мебароянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






