ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, шанбе, 143-юмин рӯзи соли 2026 аст
23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони шаҳри Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.
***
23 майи соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара роҳи мошингарди «Данғара – Пушинг»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамчиро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.
23 МАЙ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–Рӯзи ҷавонон.
***
Рӯзи ҷаҳонии гӯштини варзишӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии сангпушт.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
23 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
23 майи соли 2009 масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ шуданд.
***
23 майи соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон — Дилшод Назаров бо 29 сантиметр дуртар партофтани гурз нисбат ба гурзандози латвиягӣ ҷойи якумро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,38 сантиметр партофт.
***
23 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор намуд, ки дар он ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин оид ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба карда шуданд. Чунин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби васеи олимон, коршиносон ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ маротибаи аввал доир карда шуд.
***
Соли 2022 дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбутаи пойтахт иштирок намуданд.
***
Соли 2022 дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи «Bukhara fashion days» баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастиашро ба тамошо гузошт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1930 аввалин нишони Ленин ба рӯзномаи «Комсомольская правда» дода шуд.
***
23 майи соли 1949 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон қабул гардид.
***
23 майи соли 1963 бо фармони Президиуми Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шуравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.
***
23 майи соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Русия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар қатори дигар кишварҳо дохил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.
***
Соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.
***
23 майи соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 май, ҷумъа, 142-юмин рӯзи соли 2026 аст






