ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 май, якшанбе, 123-юмин рӯзи соли 2026 аст
3 майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷопон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Лаҳистон, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла эътимоднома супориданд.
***
3 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ намуданд.
***
3 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим –Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
3 МАЙ:
Рӯзи байналмилалии матбуоти озод.
***
Рӯзи Офтоб.
***
Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот
***
Дар Ҷопон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
3 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии туристӣ муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москваи Федератсияи Русия Маркази забону фарҳанги тоҷик ифтитоҳ гардид.
***
3 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони фаронсавӣ ба нашр расид.
***
3 майи соли 2018 дар Душанбе ҳолати вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима гардид.
***
3 майи соли 2024 дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз гардида, то 5 май идома ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1904 ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қаламро ихтироъ намуд.
***
3 майи соли 1494 сайёҳи баҳрӣ Христофор Колумб ҷазираи Ямайкаро кашф кард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Муҳаммадҷон Раҳимӣ–соли 1901 — шоир ва тарҷумони тоҷик, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, шанбе, 122-юмин рӯзи соли 2026 аст






