ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, панҷшанбе, 127-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 7, 2026 08:00

7 майи соли 2004 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ва роҳбари нави ҳайат Питер Винглиро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба дурнамои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили якчанд асоси ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.

***

7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  шиносоӣ  бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуданд.

***

7 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

7 МАЙ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа.

***

Рӯзи ҷаҳонии радио.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи муҳофизони Ватан

РӮЙДОДҲОИ  ТОҶИКИСТОН:

 7 майи соли 2009 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.

***

7 майи соли 2010 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Украина хабар дод.

***

7 майи соли 2011 дар Исломобод Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Амари»-и Фаластин бо ҳам сабқат намуданд.

***

7 майи соли 2015 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи содагардонии тартиби тиҷорат бо Созмони ҷаҳонии савдо тасдиқ карда шуд.

***

7 майи соли 2019 вакилони Парлумон ҷараёни саноатикунонии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

***

7 майи соли 2022 Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтанд, ки корхонаҳои муштараки дорусозӣ таъсис диҳанд.

***

7 майи соли 2023 лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

7 майи соли 1832 Юнон шоҳигарии мустақил гардид.

***

Соли 1994 дар шаҳри Ванкувери Канада ҳунарнамоии сершумортарин дар таърихи ансамбл иборат аз 1 ҳазору 322 гитаранавоз баргузор гардид.

***

7 майи соли 1997 Ширкати Intel расман микропротсессори Pentium 2-ро муаррифӣ намуд.

 

Май 7, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш