Агентии инноватсия барои таҳияи платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни таҳияи платформаи махсуси рақамиро эълон менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, ҳадафи озмун таҳкими робитаи илм, инноватсия ва бахши воқеии иқтисодиёт, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки платформаи махсуси рақамӣ ҳамчун фазои ягонаи рақамӣ барои муаррифӣ, ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, технологияҳои нав, ихтироот ва дастовардҳои инноватсионӣ хизмат намуда, ҳамкории муассир байни муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, соҳибкорон, сармоягузорон ва бахши истеҳсолиро таъмин хоҳад намуд.
Озмун дар се марҳила — қабули ҳуҷҷатҳо то 10 июли соли 2026, баррасии ҳуҷҷатҳо, интихоби лоиҳаҳо то 20 июли соли 2026 ва муаррифву ҳимояи лоиҳаҳо то 31 июли соли 2026 гузаронида мешавад.
Ғолиби озмун бо мукофоти асосӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, инчунин бо Дипломи директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз ширкатҳои технологӣ, гурӯҳҳои таҳиягарон, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар шахсони манфиатдор даъват менамояд, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташаккули инфрасохтори миллии инноватсионӣ ва рушди иқтисоди рақамии ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.
Ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаҳо метавонанд ба таври электронӣ тавассути суроғаи почтаи электронӣ i-development@innovation.tj пешниҳод карда шаванд. Маълумоти иловагӣ тавассути рақами телефони 223-30-38 ва сомонаи расмии агентӣ www.innovation.tj дастрас мебошад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






