Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд

Июнь 11, 2026 17:30
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Муғулистон-Улан-Баторнишасти мансабдорони аршади Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)-2026 оғоз гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ҳамгироии энергетикӣ, рушди инфрасохтор, рақамикунонӣ, густариши робитаҳои нақлиётиву логистикӣ ва пешбурди рӯзномаи рушди «сабз» дар минтақаи CAREC баррасӣ гардиданд.

     Зимни ҷаласаҳои мавзуӣ ва чорабиниҳои канорӣ ҳайати Тоҷикистон мавқеи  ҷумҳуриро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ муаррифӣ намуд.

Нишаст 12 июн идома ёфта, ба таҳкими ҳамкории мамлакатҳои иштирокчии CAREC ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки рушди минтақавӣ мусоидат менамояд.

   АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд