Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд

Июнь 8, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  8 июн ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо дар доираи  Ҳафтаи савдои бекоғаз баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои аъзои SPECA ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба пайвастшавии тиҷоратӣ ва рақамисозии мубодилаи маълумот дар долонҳои нақлиётии транскаспӣ, беҳтар кардани ҳамбастагии нақлиётӣ барои робитаҳои устувори Авру-Осиё, пайвастагии энергетикӣ дар минтақа ва берун аз он, рушди савдои устувор, инноватсия ва иқтисоди даврӣ тамоюли рушдро касб намуданд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои SPECA аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Туркманистон ва Узбекистон оид ба иҷрои тадбирҳои Харитаи роҳи Гурӯҳи корӣ дар солҳои 2025-2026 ва арзёбии натиҷаҳои назарраси соҳаи тиҷорат дар ҳавзаи SPECA маълумот доданд.

Инчунин дар идома намояндагони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) вобаста ба баррасии масъалаҳои рақамикунонӣ ва рушди савдои рақамӣ, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) доир ба баргузории чорабиниҳо ва татбиқи тадбирҳои мушаххас дар самти рушди савдо ва дигар шарикони рушд иштироки фаъол намуданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид