Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд

Июнь 11, 2026 19:30

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ  Раҳмонализода  бо мудири минтақавӣ оид ба Аврупо ва АвруОсиёи Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) Наталия Отел баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,
дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва CIPE-ро баррасӣ шуд.

Дар доираи вохӯрӣ масъалаи баргузории Форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» соли 2027 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бахши таҳкими дипломатияи иқтисодӣ ва густариши заминаҳои савдои байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидаанд.

Дар анҷом ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати фаъол сохтани ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2026 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд