Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин санад, ҷонибҳо ҳамкориро дар мутобиқат бо қонунгузории миллӣ, қоидаҳо, муқаррарот, консепсияҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ амалӣ менамоянд.
Тарафҳо дар асоси Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа омаданд, ки заминаи ҳамкории самаранокро барои таҳким ва тавсеа дар соҳаи аудити берунаи давлатӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати муштарак мустаҳкам намоянд.
Дар доираи ин ҳуҷҷат, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон дар самти мубодилаи маълумот тавассути машваратҳо ва конфронсҳо оид ба масъалаҳои муҳими аудити берунаи давлатӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба дар соҳаи сиёсат ва технологияи аудит ба воситаи ба роҳ мондани сафарҳои хизматӣ ҳамкориро густариш диҳанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар доираи Созмони байналмилалии мақомоти олии аудитӣ ИНТОСАЙ ва Созмони осиёии мақомоти олии аудити АСОСАЙ инкишоф диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






