Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 22, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад 19 июн зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Президенти Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система» Тагир Ситдеков ба имзо расонида шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои кории ду давлат ва тавсеаи ҳамкории муштараки иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода дар бораи сохтори институтсионалии Палатаи савдо ва саноат ва фаъолияту дастовардҳои он маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Инчунин омодагии палатаро барои расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба лоиҳаҳои сармоягузории корпоратсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд