Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки имрӯз ҳамчун муҳимтарин арзиши давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа эътироф шудааст. Ин матлабро имрӯз Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар ҳамоиши идона бахшида ба 29-умин солагарди Рӯзи Ваҳдатӣ миллӣ ва эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» баён намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ хабар медиҳад, дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони соҳаи авиатсия ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ фазои сулҳу оромӣ таъмин гардида, заминаҳои устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шуданд.
Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардида, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Садҳо иншооти муҳими давлатӣ, роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, симои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба куллӣ дигаргун шуданд. Имрӯз Тоҷикистон ба як мамлакати дар ҳоли рушд табдил ёфтааст, ки дар он раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд.
«Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва оғози эҳёи воқеии давлату миллат арзёбӣ мегардад. Дар ин роҳи пурифтихор Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва мондагор мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии сиёсати дурандешона ва иродаи қавии Пешвои миллат Тоҷикистон аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолият раҳо гардида, ба сӯи рушду пешрафт ва ободонӣ қадамҳои устувор гузошт»,- таъкид шуд дар ҷамъомад.
Ҳамзамон роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ташаббуси нави Тоҷикистон -«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Зеро ин санад аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, мамлакат ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош намоянд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






