Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд

Июнь 13, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Хорвар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Форуми Trans-Caspian 2026 баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот (Data Centers) муаррифӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар форум таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди дарозмуддати мамлакат муайян намудаанд. Дар ин замина,  як қатор корҳои назарраси иҷрошуда, аз ҷумла таъсиси IT Park Dushanbe,  лоиҳаҳои муваффақи стартапи Zypl.ai, Академияи зеҳни сунъӣ, қабули аввалин «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар минтақа ва дигар иқдомҳо номбар шуданд.

Дар анҷом аз ширкатҳои амрикоӣ даъват шуд, ки бо назардошти имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ, лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот амалӣ намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Июнь 13, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд