Ду корманди «Амонатбонк» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» гардиданд

Июнь 9, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон», ду корманди Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз рӯи номинатсияи «Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ» ва «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда» ғолиб дониста шуда, бо Дипломи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад, ғолибони озмун сардори шуъбаи рушди ҳамкорӣ ва ҷамъбасти ҳисоботҳои департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ Нодира Ҳамзаева ва мудири филиали №42- митақаи Бохтари вилояти Хатлон Гулҷаҳон Юсуфзода мебошанд.

Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи баланди касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ интихоб карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» ва «25 соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон» бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии занон дар ҷомеаи муосир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ, раванди тақвиятбахшии иштироки занон дар ҳама самтҳои иқтисоди мамлакат аз ҷумла дар бахши молиявию бонкдории мамлакат мебошад.

Озмун аз рӯи панҷ номинатсия- «Корманди қарзии беҳтарин», «Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз, ва кортҳои бонкӣ», «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда», «Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ» ва «Корманди беҳтарин идораи фаръӣ» гузаронида шуда, маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмун дар Душанбе доир шуд.

Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону духтарони мамлакат ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби худ мусоидат намуда, дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 9, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд