Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард

Июнь 10, 2026 09:34

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интернети босуръат ва устувор асоси қариб ҳама гуна тиҷорати замони муосир аст. Дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ барои мубодилаи ҳуҷҷатҳо, муошират бо мизоҷон ва кори дастгоҳҳои хазинавӣ муҳим аст. Аммо, на дар ҳар минтақаи Тоҷикистон провайдереро, ки метавонад сифати зарурии хизматрасониро кафолат диҳад, пайдо карда метавонем. Баъзеҳо танҳо дар минтақаҳои маҳдуд фаъолият мекунанд. Ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионӣ роҳи ҳалро пешниҳод мекунанд. Масалан, МегаФон Тоҷикистон омода аст, ки ҳама гуна офис ё шабакаи филиалҳоро дар ҷумҳурӣ бо интернет таъмин намояд.

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» муддатҳост, ки дар доираи як оператори одии мобилӣ маҳдуд намегардад. Ширкат барои тиҷорат як қатор хизматрасониҳои муфид, аз ҷумла интернети ноқилиро пешниҳод менамояд. Самти интернети собити баландсуръат (ТМСБ) муштариён-шахсони воқеиро на танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар бар мегирад. Интернетро барои тиҷорат қариб дар тамоми ҷумҳурӣ пайваст кардан мумкин аст.

Шабакаи «МегаФон» Тоҷикистон» дар тамоми ноҳияҳои мамлакат паҳн шудааст, ки барои пайвасткунии муштариёни тиҷоратӣ дар кӯтоҳтарин муддат, ба ҳисоби миёна дар давоми 3-5 рӯз, вобаста ба шароитҳои техникӣ ва мавқеи ҷойгиршавии офиси муштарӣ, имконият медиҳад. Баъзан вақт насби кабел, ба истилоҳ «то дари хонаи мизоҷ» як рӯзро дар бар мегирад.

Фарогирии васеи шабакаи «МегаФон» Тоҷикистон» барои ширкатҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ филиалҳо, идораҳо ё мағозаҳо доранд, махсусан қулай аст. Дастрасии боэътимод дар ҳамаи ҷойҳои зарурӣ таъмин карда мешавад. Инчунин имконияти пешниҳоди канали махсус ва ташкили шабакаи ягонаи маҳаллӣ барои кори зуд ва бехатар дар ҳамаи воҳидҳои ширкати фармоишгар вуҷуд дорад.

Мизоҷон суръати интернети ноқилии худро вобаста ба эҳтиёҷот, шумораи кормандоне, ки ба интернет ниёз доранд ва буҷети худ интихоб мекунанд. Масалан, як гурӯҳи то 20 нафар метавонад аз зарфияти 30 Мбит/с барои кори ҳаррӯза, вохӯриҳои онлайн ва мубодилаи файлҳо истифода барад. Ба корпоратсияҳои калон суръати баландтарин, то 500 Мбит/с, кафолат дода мешавад. Дар умум ба мизоҷони тиҷоратӣ интихоби қулай аз байни даҳ тарофаи интернети собити баландсуръат пешниҳод мегардад.

Боз як бартарии махсус дар дастгирии техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ифода меёбад, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Мизоҷон ба саволҳои ҷории худ ҷавобҳои фаврӣ ва дар танзимкунии интернет кумак пайдо мекунанд. Дастгирии техникӣ ба нархи тарофа дохил карда шудааст ва хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Мизоҷон метавонанд дархостро барои пайвасткунии интернети ноқилӣ мустақилона тариқи суроғаи https://megafon.tj/business/internet-office гузоранд.

Пайвастшавии зуд, суръати баланди дастрасӣ, хизматрасонии боэътимод дар саросари ҷумҳурӣ ва сервис дар реҷаи 24/7 — ин интернети собити баландсуръат аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аст. Провайдереро интихоб кунед, ки тиҷорати шуморо ҳамеша онлайн нигоҳ медорад!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 10, 2026 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад