Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид

Июнь 13, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод, ки ба тозагӣ аз чоп баромадааст, рӯнамоӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чорабинии рӯнамоии «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и  нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруф Сипеҳр Ҳасанзод олимону шоирон, кормандони Китобхонаи миллӣ назару андешаҳои худро изҳор  намуданд.

«Китобномаи шарҳиҳолӣ» фарогири маълумоти мукаммал дар бораи зиндагӣ, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва осори Сипеҳр Ҳасанзод буда, метавонад барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони адабиёти тоҷик манбаи муҳими илмӣ ва иттилоотӣ бошад.

Ҳам иштирокдорон доир ба  арзиши илмӣ ва фарҳангии китобнома, инчунин ҷойгоҳи осори Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар адабиёти муосири тоҷик мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 13, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид