Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид

Июнь 14, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода бо номи «Зиёӣ» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоб фарогири мақолаҳои муаллиф буда, дар меҳвари навиштаҳо фаъолияти Пешвои миллат ҳамчун намунаи олии зиёӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, рисолати зиёӣ дар замони муосир, дӯст доштани Ватан ва дар маҷмуъ, маърифатманд намудани ҷомеа қарор дорад. Муҳаққиқ бо дидгоҳи амиқи илмӣ ва таҳлили воқеъбинона ин масъалаҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳоду андешаҳои судманд ироа намудааст.

Омӯзиши ин китоб барои аҳли илму маориф, муҳаққиқон, устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва алоқамандони таълиму тарбия муфид мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Эҳсон Сафарзода муаллиф ва мураттиби як қатор монография, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои илмӣ-таълимӣ, аз ҷумла, «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» (2018), «Садриддин Айнӣ – маорифпарвар» (2018, мураттиб), «Нури дониш» (2018, мураттиб), «Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии Садриддин Айнӣ» (2019), «Маҷмуаи дарсҳо оид ба расонаҳои нав» (2021), «Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ» (2023), «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» (2024), «Муаррифгари миллати тоҷик» (2024), «Нақши Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» (2024, мураттиб), «Замоне бо «Омӯзгор»» (2024, мураттиб), «Омӯзгори ман – ифтихори ман» (2024, мураттиб), «Устод Айнӣ, таърих ва сиёсат» (2025), инчунин беш аз 200 мақолаи илмӣ, публитсистӣ ва таълимию тарбиявӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид