Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд

Июнь 22, 2026 16:37

ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти корҳои саҳроӣ, вазъи парвариши пахта, кишти такрорӣ, истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ ва ҳолати таъминоти оби полезӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод шинос шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, Сулаймон Зиёзода ба кишоварзон ва масъулони соҳа масъалаҳои истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муовини Сарвазир саҳми деҳқонони ноҳияи Зафарободро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Ба кишоварзони ноҳия  барои боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ,  ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, фаровон гардидани ҳосил, гирифтани ду –се ҳосил  аз як замин тавсияҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин ва амалӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами кишоварзӣ омили асосии ба даст овардани ҳосили фаровон ва рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Июнь 22, 2026 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд