Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд

Июнь 13, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик» дорои аҳамияти фаромарзӣ ва минтақавӣ мебошад. Ин нукта дар вохӯрии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони воломақоми минтақавии Бонки Осиёии рушд – директори генералии дафтари Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Леи Гутеррес, роҳбари минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ Асад Алим дар Улан-Батор баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаи «Идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик»» қарор гирифт.

Зимни мулоқот Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, ки ин лоиҳа дорои аҳамияти фаромарзӣ ва минтақавӣ буда, ба гурӯҳи «Лоиҳаҳои инфрасохтории мутобиқшаванда ба тағйирёбии иқлим, ки барои мамлакат манфиат меоранд» шомил мебошад.

Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳа мустаҳкамсозии садҳои муҳофизатии обанбор барои пешгирии хавфи обхезиҳо, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва заҳбуру заҳкашҳо, инчунин ҷорӣ намудани низоми муосири рақамии идоракунӣ (SCADA) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳа барои ба роҳ мондани идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик» дар шароити тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти об барои обёрӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии лоиҳа бо дастгирии Бонки Осиёии рушд таҳия гардидааст.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд