Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи ҷумҳуриявии даъват, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии даъват оид ба ҷамъбасти даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ Фирдавс Ҳаётзода, муовинони Вазири мудофиа, намояндагони Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, вазорату идораҳои дахлдор, комиссарони ҳарбӣ ва роҳбарияти як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд иҷро гардид.
Гуфта шуд, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулиятшиносии роҳбарияти сохторҳои низомӣ дар ҳамаи қисму воҳидҳои ҳарбӣ шароити мусоиди хизмат муҳайё гардида, иқтидори мудофиавии давлат пайваста таҳким меёбад.
Иштирокчиёни ҷаласа сари вақт иҷро гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, натиҷаи баланд будани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, омӯзиши шаҳрвандони синни даъватӣ, ҳамкории зичи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» ва дигар тадбирҳои муҳими ташкилӣ ба иҷрои босифати нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мусоидат менамоянд.
Дар идома муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ масъалаҳои риояи интизоми ҳарбӣ, таҳкими муносибатҳои ҳамидаи байниҳамдигарӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҷангии сарбозону афсарон, инчунин иҷрои талаботи оинномаҳои ҳарбиро матраҳ намуд.
Иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ ҳифзи сулҳу субот, амният ва манфиатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ҷамъбасти ҷаласа ба масъалаҳои корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҳкими интизоми ҳарбӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи технологияҳои муосир, омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Савганди ҳарбӣ содиқ монда, минбаъд низ тамоми дониш, таҷриба ва малакаи касбии худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат сафарбар менамоянд.













Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






