Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад

Июнь 21, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхона, ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ доир мешавад.

Довталабон ба ду гурӯҳ: байни хонандагони то 18-сола ва байни хонандагони аз 18-сола болои Китобхонаи миллӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, магистранҳо, аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.

Бояд тазаккур дод, ки ғолибони се соли охирин озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Донандагони беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок кардан надоранд.

Ҳайати Комиссияи озмун ба дараҷаи фаъолнокӣ, тавваҷуҳ ба китобхона ва шумораи китобҳои хондашуда боҳогузорӣ менамоянд. Тибқи Низомномаи озмун, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм аз ҳар гурӯҳ ҳамагӣ шаш нафар муайян мешаванд.

Барои иштирок ба озмун маълумотнома дар бораи номзад, нусхаи шиноснома ё шаҳодатнома, рӯйхати асарҳои мутолиашуда, нусхаи корти аъзогии Китобхонаи миллӣ ва дафтарчаи китобгирӣ ва ду дона акси иштирокчӣ талаб карда мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10 то 25 июл муаяйн гардидааст. Ғолибни озмун то 14 августи соли 2026 муайян шуда, 4 сенябр дар Рӯзи китоб дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид