САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли тобистон саёҳату истироҳат кардан ба саломатии инсон таъсири мусбат дорад. Он хусусияти шифобахшӣ дошта, иммунитетро мустаҳкам намуда, фишори равонӣ ва рӯҳафтодагиро коҳиш медиҳад, фаъолияти дилу рагҳоро беҳтар месозад, инчунин барои барқарор кардани неруи ҷисмониву фикрӣ мусоидат менамояд. Махсусан агар ин саёхат ва истироҳат дар Ватан гузарад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тоҷикистон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, табиати нотакрор, чашмаву обҳои мусаффо, меваҳои шаҳдбор ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон -вилояти Суғд мебошад. Барои истироҳату фароғати тобистона дар вилояти Суғд кадом мевзеъҳоро бояд интихоб кард?
Мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Рахимов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар вилоят айни замон беш аз даҳ мавзеъҳои истироҳатии тобистона, аз қабили, «Ҳафткӯл», «Искандаркӯл», «Кӯликалон», «Кӯли Алоуддин», «Баҳри Тоҷикистон» (Қайроққум), Осоишгоҳи «Баҳористон», «Зумрад», «Аксикон», «Саразм», «Панҷакенти Қадим» ва «Хуррамдара»-и ноҳияи Шаҳристон мавҷуд аст, ки барои қабули шаҳрвандони дохил ва хориҷ омода мебошанд. Ин мавзеъҳо ҳамасола ҳазорон сайёҳи дохилӣ ва хориҷиро ба вилояти Суғд ҷалб менамоянд.
«Ҳафткӯл»
«Ҳафткӯл» яке аз зеботарин мавзеъҳои шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Дар атрофи кӯлҳои водии «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд. То ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд гардидааст.
Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад. Дар ин мавзеъ 65 намуди растаниҳои шифобахш, дарахтону буттаҳо, аз ҷумла, бурс, арча, санавбар, сафедор, ангат, настаран, зирк, буттаҳои паҳншуда, растаниҳои марғзорӣ, даштӣ ва нимбиёбонӣ ва дигар гулу растаниҳо мерӯянд. Инчунин дар ин мавзеъ 20 намуд ҳайвон ва парандаи гуногуни мавсимӣ сукунат дошта, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент вобаста ба фаслҳои сол корҳои биотехникӣ барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти ин макон гузаронида мешаванд.
«Искандаркӯл»
«Искандаркӯл» яке аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон мебошад. Он дар баландии 2195-2260 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ҷойгир аст. Кӯл шакли секунҷа дошта, масоҳаташ 3,9 киломерт мураббаъ аст. Умқи кӯл 71,7 метр буда, ҷуқурии миёна 50,8 метр ва дидани шафофияти оби кӯл 1,7 метрро ташкил медиҳад. Искандаркӯл 172 миллион метри мукааб захираи об ва 741 км мураббаъ ҳавзаи обғундор дорад. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Аз кӯл Искандардарё ҷорӣ мешавад. Ин дарё аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд овардааст.
Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби «Искандаркӯл» ба худ ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотӯб ва хурӯшон буда, аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад ва аз дузина иборат аст.
«Баҳри Тоҷикистон»
«Баҳри Тоҷикистон» — Обанбори Қайроққум, ки бештар бо номи «Баҳри Тоҷик» маъруф аст, яке аз маконҳои зебо ва дӯстдоштаи истироҳатӣ дар вилояти Суғд мебошад. Ин макони нотакрор дар наздикии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, бо соҳилҳои васеъ, оби мусаффо ва фазои оромаш сайёҳонро ҷалб мекунад.
Дар фасли тобистон «Баҳри Тоҷик» ба яке аз марказҳои асосии фароғат табдил ёфта, барои шиноварӣ, истироҳат ва гузаронидани вақт бо оила хеле мувофиқ аст.
Осоишгоҳи «Баҳористон»
Осоишгоҳи «Баҳористон» бо инфрасохтори ҷадид, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ ва сатҳи баланди хизматгузорӣ маҳбубият пайдо намудааст. Он дар соҳили «Баҳри тоҷик» бо шароити беҳтарин барои истироҳату табобати комил фароҳам сохтааст. Барои қабули меҳмонон биноҳои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат, системаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино таъмин мебошад.
Осоишгоҳ барои қабули оилаҳо бо кӯдакони хурдсол басо мувофиқ карда шудааст. Инҷо боғчаи бачагона бо гӯшаҳои зиёди шавқовар ва дорои пайкараҳои қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ муҳайёст. Волидоне, ки мехоҳанд истироҳат кунанд ё муолиҷа гиранд, барои гузоштани кӯдаконашон зери назорати мураббиён дар имконият мавҷуд аст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: ««Барномаи рушди металлургияи сиёҳ барои солҳои 2027–2035» таҳия карда шавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бояд аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёбад»
Талаботи Тоҷикистон ба филизоти сиёҳ то соли 2035 ба беш аз 2,3 миллион тонна мерасад
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст






