Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки замин, сокини ноҳияи Ҷайҳун Муҳаммадҷон Абдуқаҳҳоров кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро истифода бурда, дар масоҳати 1 гектар замин тарбуз парвариш намудааст. Айни замон ӯ ба ҷамъоварии тарбуз машғул буда, ин маҳсулоти лазизи кишоварзиро барои фурӯш ба бозорҳои ноҳия ва берун аз он пешниҳод менамояд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Муҳаммадҷон Абдуқаҳҳоров иброз дошт, ӯ дар ин масоҳат 6,5 ҳазор ниҳоли тарбуз шинонидааст.
«Фақат дар мавриди сидқан меҳнат кардан, обу ғизои саривақтӣ додан, қоидаҳои агротехникиро риоя кардан ҳосили дилхоҳу фаровон ба даст овардан мумкин аст»,- иброз медорад ин деҳқони соҳибтаҷриба.
Муҳаммадҷон Абдуқаҳҳоров дар парвариши тарбуз усули муосир, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро истифода бурда, иброз медорад, ки чунин таҷриба воқеан ҳам кори деҳқонро осон карда, дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад.
«Ин усул имкон медиҳад, ки одитарин ҷузъиёти кори кишоварз танзим карда шавад, зеро дар ин навъи парвариш алафи бегона намерӯяд, намнокӣ зери плёнка нигоҳ дошта мешавад, ки барои нашъунамои хуби зироат кумак мерасонад», — илова кард ӯ.
Айни замон ҷамъоварии ҳосили тарбуз дар хоҷагии ӯ идома дорад. Ба ғайр аз ҳудуди ноҳия ва вилояти Хатлон, ҳамчунин соҳибкорони вилояти Суғд ба хоҷагии онҳо омада, ин маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуда, бозорҳои истеъмолиро бо маҳсулоти босифат таъмин мегардонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






