Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Даҳсолаи охири асри XX дар қитъаҳои гуногуни олам шумораи зиёди низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ ба амла омадаанд, ки дар назди ҷомеаи байналмилалӣ вазифаи ҷустуҷӯи механизмҳои самараноки таъмини сулҳ ва амниятро ба миён гузоштанд. Яке аз намунаҳои муваффақтарини танзими низои мусаллаҳонаи дохилӣ раванди сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 анҷом ёфт.
Созишнома на танҳо ба муқовимати чандинсолаи шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи ҳуқуқиро барои ташаккули модели нодири оштии миллӣ фароҳам овард, ки ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ризоияти устувори ҷомеаро таъмин намуд.
Аҳамияти байналмилалӣ-ҳуқуқии раванди сулҳи тоҷикон аз доираи таърихи миллии давлат берун рафта, барои назария ва амалияи муосири ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти сулҳофарӣ ва барқарорсозии давлатҳо дар марҳилаи баъд аз низоъ нақши назарраси илмӣ ва амалӣ дорад.
Асоси ҳуқуқии танзими низои Тоҷикистонро принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муқаррар гардидаанд, муайян мекунанд. Мутобиқи моддаҳои 1, 2 ва 33-и ин оиннома давлатҳо ва тарафҳои низоъ уҳдадоранд ихтилофоти ба миёномадаро бо воситаҳои осоишта ҳал намуда, аз таҳдид ба истифодаи қувва ё истифодаи он худдорӣ намоянд.
Музокироти сулҳи Тоҷикистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шуд.
Маҳз раванди бисёрмарҳилавии музокирот механизмҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳро ташаккул дода, заминаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ як ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст. Ин ҳуҷҷат тамоми созишнома ва протоколҳои қаблиро дар бораи қатъи ҷанг, ислоҳоти сиёсӣ, бозгашти гурезаҳо ва оштии миллӣ ба ҳам муттаҳид намуд.
Сарфи назар аз он ки низоъ хусусияти дохилӣ дошт, иштироки Созмони Милали Муттаҳид, миёнаравони байналмилалӣ ва давлатҳои кафил ба Созишнома аҳамияти махсуси байналмилалӣ бахшид. Он намунаи муваффақи татбиқи механизмҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии танзими осоиштаи низои мусаллаҳонаи дохилӣ дар асоси музокирот ва гузаштҳои мутақобилаи тарафҳо гардид.
Аҳамияти асосии ин ҳуҷҷат аз он иборат аст, ки барои ба сиёсати қонунӣ ворид шудани иштирокчиёни низоъ шароит сохт ва муқовимати мусаллаҳонаро ба раванди осоиштаи демократӣ табдил дод.
Таҳқиқи аҳамияти байналмилалӣ-ҳуқуқии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бидуни таҳлили нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ имконнопазир мебошад.
Аз лаҳзаи интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии сулҳ, ваҳдати миллӣ ва давлатдориро ҳамчун афзалиятҳои стратегии рушди ҷумҳурӣ муайян намуданд. Дар шароити идомаи муқовимати мусаллаҳона аз ҷониби Сарвари давлат консепсияи сиёсӣ оид ба расидан ба сулҳ тавассути муколамаи миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти ҷамъиятӣ таҳия ва пешниҳод гардид.
Аҳамияти принсипиалии масъала ин даст кашидан аз стратегияи ҳалли зӯроваронаи низоъ ва тамаркуз ба ҷустуҷӯи созиши сиёсӣ байни тарафҳои муқобил буд. Маҳз ҳамин мавқеъ заминаҳои заруриро барои оғози музокироти байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид фароҳам овард.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун иштирокчии раванди музокирот, балки ҳамчун муаллиф ва пешбарандаи ғояи оштии миллӣ баромад намуда, заминаҳои сиёсӣ ва маънавии сулҳи ояндаро ташаккул доданд. Сиёсати пайгирона ва созанда, ки ба муттаҳид сохтани гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ, минтақавӣ ва иҷтимоӣ равона шуда буд, имконияти татбиқи созишҳои бадастомада ва пешгирии сар задани дубораи низоъро таъмин намуд.
Дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ва татбиқи амалии муқаррароти он натиҷаи талошҳо, иродаи сиёсӣ, масъулияти баланд ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҳалкунандаро дорад.
Бояд гуфт, ки консепсияҳои муосири сулҳофарӣ, оштии миллӣ ва давлатсозӣ дар давраи баъд аз низоъ сулҳи устуворро ҳамчун натиҷаи раванди мураккаби барқарорсозии сиёсӣ, институтсионалӣ ва иҷтимоии давлат арзёбӣ менамоянд.
Аз нуқтаи назари консепсияи сулҳофарӣ фаъолияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба қатъ намудани муқовимати мусаллаҳона, балки ба рафъи сабабҳои аслии он низ равона гардида буд. Ин ҳадаф тавассути таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, бозгардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ҳамгироии собиқ иштирокчиёни низоъ ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, инчунин барқарор намудани фазои эътимод байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ амалӣ шуд.
Дар доираи консепсияи оштии миллӣ сиёсати ҳамгироии сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ гардид, аҳамияти махсус касб намуд. Таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин механизмҳои институтсионалии таъмини сулҳи устувор ва таҳкими ваҳдати ҷомеа баромад намуд. Фаъолияти ин комиссия барои ҳамгироии неруҳои сиёсӣ, иҷрои созишҳои бадастомада ва таҳкими эътимоди мутақобила байни тарафҳои низоъ заминаи мусоид фароҳам овард.
Аз мавқеи консепсияи давлатсозӣ дар давраи баъд аз низоъ таҷрибаи Тоҷикистон намунаи муваффақи барқарорсозии давлатдорӣ бидуни ҷорӣ намудани идоракунии хориҷӣ мебошад.Ҷомеаи байналмилалӣ ба раванди танзими низоъ мусоидат намуд, аммо нақши ҳалкунанда ба ниҳодҳои миллии ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дошт. Маҳз чунин муносибат имконият фароҳам овард, ки барқарорсозии сохтори давлатӣ, таҳкими қонуният ва рушди устувори ҷомеа дар асоси манфиатҳои миллӣ ва бо риояи принсипҳои соҳибихтиёрии давлатӣ амалӣ гардад.
Аҳамияти байналмилалӣ-ҳуқуқии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ бо муқоисаи он бо дигар моделҳои танзими ҳалли низоъҳо тасдиқ мегардад. Мисол, дар Босния ва Герсеговина раванди сулҳ баъд аз имзои Созишномаи Дейтон бо таъсиси механизмҳои идоракунии байналмилалӣ ва тавсеаи назарраси ваколатҳои сохторҳои байналмилалӣ дар идоракунии дохилии давлат ҳамроҳ шуд. Ин модел дар амалия бо сатҳи баланди иштироки беруна дар равандҳои сиёсӣ ва институтсионалии давлатдорӣ тавсиф мешавад.
Дар Руанда бошад барқарорсозии давраи баъд аз низоъ асосан дар натиҷаи пирӯзии низомии яке аз тарафҳои низоъ амалӣ гардида, бо ташаккули низоми нави сиёсӣ дар асоси марказонидани идоракунии давлатӣ ва таҳкими сохторҳои қудратӣ ҳамроҳ буд.
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ оштии миллӣ тавассути ислоҳоти густурдаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин фаъолияти ниҳодҳои махсуси адолати давраи гузаришӣ (transitional justice) ба даст омад, ки ба ошкорсозӣ ва баррасии ҷиноятҳои гузашта равона шуда буд.
Дар муқоиса бо ин моделҳо таҷрибаи Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос мебошад, аз ҷумла:
— ба даст овардани сулҳ тавассути музокирот ва созиши сиёсӣ байни тарафҳо;
— нигоҳ доштани соҳибихтиёрии пурраи давлатӣ;
— набудани идоракунии беруна дар равандҳои сиёсӣ ва давлатӣ;
-нақши пешбарандаи ниҳодҳои миллии давлатӣ дар таҳкими сулҳ;
— ҳамбастагии миёнаравии байналмилалӣ бо масъулияти сиёсии дохилӣ;
— ҳамгироии собиқ иштирокчиёни низоъ ба низоми ҳокимияти давлатӣ;
— татбиқи стратегияи ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи сулҳи устувор.
Маҳз ҳамин хусусиятҳо имкон медиҳанд, ки модели тоҷикӣ ҳамчун як падидаи мустақил ва нодири таҷрибаи муосири байналмилалӣ-ҳуқуқии танзими низоъҳо ва бунёди сулҳи пас аз низоъ арзёбӣ карда шавад.
Яке аз омилҳои муҳимтарини муваффақонаи татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пайгирона ва мунтазами Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, ки дар раванди танзими низои мусаллаҳонаи дохилӣ ҳамчун миёнарави асосии байналмилалӣ баромад намуд.
Аз марҳилаҳои аввали музокироти байни тоҷикон Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ташкилӣ, сиёсӣ ва дипломатии раванди сулҳро таъмин менамуд. Намояндагони махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар музокирот иштирок намуда, дар таҳияи созишҳо мусоидат карданд ва назорати байналмилалии иҷрои тавофуқоти бадастомадаро амалӣ намуданд.
Таъсиси Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо қарори Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1994 дар ин раванд аҳамияти хос пайдо намуд. Таъсиси ин миссия яке аз намунаҳои аввалини муваффақи иштироки Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳои мусаллаҳона дар фазои пасошуравӣ ба шумор меравад.
Мутобиқи ваколатҳои худ ба миссия вазифаҳои назорат аз болои риояи созишномаҳои оташбас, таҳқиқи ҳолатҳои вайронкунии реҷаи амният, мусоидат ба фаъолияти Комиссияи муштараки назорат аз болои иҷрои созишномаҳо ва дастгирии раванди музокирот таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид вогузор гардида буд.
Асоси байналмилалӣ-ҳуқуқии фаъолияти миссия бо як қатор қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид пайдарпай таҳким ёфт, аз ҷумла № 968 (1994), № 999 (1995), № 1030 (1995), № 1061 (1996), № 1089 (1996), № 1099 (1997), № 1138 (1997), № 1167 (1998), № 1206 (1998), № 1240 (1999) ва № 1274 (1999). Ин санадҳо на танҳо ваколати миссияро тамдид мекарданд, балки дастгирии устувори ҷомеаи байналмилалиро аз раванди оштии миллӣ дар Тоҷикистон тасдиқ менамуданд.
Дар ин росто, қатъномаи № 1274 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз 12 ноябри соли 1999 аҳамияти махсус дорад, ки дар он натиҷаҳои татбиқи Созишномаи умумӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ниҳодҳои демократӣ мусбат арзёбӣ гардиданд.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи муосири байналмилалӣ фаъолияти Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аҳамияти баланди илмӣ дорад. Бар хилофи як қатор амалиётҳои байналмилалӣ дар Босния ва Герсеговина, Косово, Тимори Шарқӣ ва дигар қаламравҳои баъд аз низоъ, миссияи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ваколатҳои идоракунии давлатӣ надошт. Фаъолияти он бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардид.
Ҳамин тавр, дастгирии байналмилалӣ бидуни дахолат ба корҳои дохилии давлат ва бидуни таъсиси механизмҳои идоракунии беруна сурат гирифт. Сохторҳои байналмилалӣ ҳамчун миёнарав ва кафили иҷрои созишҳо баромад мекарданд, дар ҳоле ки масъулияти асосӣ барои татбиқи раванди сулҳ ба дӯши ниҳодҳои миллии давлатӣ ва ҷонибҳои низоъ вогузор шуда буд.
Аҳамияти муҳими дигар барои муваффақияти фаъолияти Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳамкории зичи миссия бо Комиссияи оштии миллӣ буд, ки дар асоси Созишномаи умумӣ таъсис ёфта буд. Ин комиссия ҳамчун механизми нодири ҳамгироии сиёсии тарафҳои низоъ баромад намуда, дар иҷрои созишҳо, бозгашти гурезаҳо, ислоҳоти низоми сиёсӣ ва барқарорсозии эътимоди ҷомеа нақши муҳим бозид.
Бояд таъкид кард, ки самаранокии фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бешубҳа ба мавҷудияти иродаи қавии сиёсӣ ва сиёсати пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт, ки ба расидан ба сулҳи устувор ва Ваҳдати миллӣ равона шуда буд. Миёнаравии байналмилалӣ маҳз дар заминаи омодагии ҷонибҳо ба созиш ва иродаи онҳо ба ҳалли осоиштаи низоъ муваффақ гардид.
Дар сатҳи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таҷрибаи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон нишон дод, ки ҳамбастагии принсипи соҳибихтиёрии давлатӣ бо механизмҳои сулҳофарии байналмилалӣ имконпазир аст. Баъдан ин таҷриба ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи татбиқи консепсияи сулҳофарӣ дар асоси ҳамкорӣ (cooperative peacebuilding) арзёбӣ гардид, ки ҳамкории ниҳодҳои миллӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дар таъмини сулҳи устувор пешбинӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва Миссияи нозирони он дар Тоҷикистон яке аз омилҳои калидии татбиқи Созишномаи умумӣ гардида, дар ташаккули механизмҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии сулҳи пасазнизоъ, ки ба эҳтироми соҳибихтиёрии давлат ва нақши пешбарандаи ниҳодҳои миллӣ такя мекунанд, саҳми назаррас гузошт.
Аз таҳлили ин масъала бармеояд, ки бар асоси таҷрибаи Тоҷикистон як дидгоҳи мустақили байналмилалӣ-ҳуқуқии «ризояти миллии соҳибихтиёр» ташаккул ёфтааст. Моҳияти он дар расидан ба сулҳи устувор тавассути ризоияти сиёсии миллӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва истифодаи миёнаравии байналмилалӣ бидуни интиқоли вазифаҳои идоракунии давлатӣ ба субъектҳои берунии ҳуқуқи байналмилалӣ ифода меёбад.
Дар муқоиса бо як қатор моделҳои муосири сулҳофарии байналмилалӣ, ки маъмурияти байналмилалӣ ё маҳдудсозии ваколатҳои ниҳодҳои миллиро пешбинӣ мекунанд, модели сулҳи тоҷикон ба афзалияти роҳбарии миллӣ ва масъулияти давлат дар татбиқи раванди сулҳ асос ёфтааст.
Ин модел собит месозад, ки танзими самараноки низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ танҳо дар ҳолати ҳамбастагии дастгирии байналмилалӣ ва мавҷудияти ниҳодҳои қавии давлатӣ, ки дорои иродаи кофии сиёсӣ барои татбиқи созишҳо мебошанд, имконпазир аст.
Ҳамин тариқ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX дар соҳаи танзими низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Аҳамияти байналмилалӣ-ҳуқуқии ин санад на танҳо дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини оштии миллӣ, балки дар ташаккули модели нодири сулҳофарӣ ифода меёбад, ки бар асоси ҳамбастагии миёнаравии байналмилалӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ ва роҳбарии сиёсии миллӣ бунёд ёфтааст.
Саҳми махсус дар ташаккули ин модел бевосита ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки дар давраи танзими сулҳ на танҳо роҳбари давлат, балки ба ҳайси идеологи оштии миллӣ нақш дошта, татбиқи сиёсӣ ва институтсионалии созишҳои бадастомадаро таъмин намуд.
Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон як модели мустақили ҳалли ихтилофу низоъҳои миллӣ буда, барои рушди минбаъдаи ҳуқуқи байналмилалӣ, такмили фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи сулҳ ва амният ва ташаккули механизмҳои муосири пешгирӣ ва ҳалли низоъҳои мусаллаҳона аҳамияти назарраси илмӣ ва амалӣ дорад.
Модели тоҷикии оштии миллӣ далели равшани он аст, ки сулҳи устувор метавонад тавассути муколамаи сиёсӣ, ризояти миллӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва ҳамкории созанда бо ҷомеаи байналмилалӣ ба даст оварда шавад.
Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
АКС: АМИТ «Ховар»








Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид






