Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба амалисозии «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2025–2026» чорабинии маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ масъулини ду ниҳод масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳурот баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар ҳарду ҷумҳурӣ буда, ҷонибҳо доир ба таҷриба, роҳу усулҳои муосири коҳиш додани сатҳи коррупсия ва ҷалби бештари ҷомеа ба ин раванд мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкории байниидоравӣ дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, расонидани ёрии амалӣ вобаста ба маводи санҷишӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланд қарор дошта, барои таҳким ва рушди минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






