Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир тасмим гирифтаанд, ки дар доираи ҳамкории фарҳангӣ намоишгоҳҳои муштаракро дар осорхонаҳо ташкил намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо дар дар иртибот ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии фаъолияти Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ташкили намоишҳои муштарак байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ҷониби Британияро вобаста ба мероси таърихию фарҳангии ниёгони тоҷикон (ориёиҳо) мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин мусоҳибон омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои осорхонадорӣ, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ таъкид намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






