Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) ба мувофиқа расидаанд, ки дар доираи баргузории Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки моҳи ноябри соли 2026 дар Анталия баргузор мегардад, лоиҳаи муштаракро таҳия ва барои татбиқ пешниҳод намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (SB64), дар шаҳри Бонни Олмон дар вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) доктор Хенинг Вустер баррасӣ гардид. Ин ташаббус бо дастгирии Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолият менамояд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими шаффофияти сиёсати иқлимӣ, такмили низомҳои мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиши маълумоти иқлимӣ, инчунин омодасозии ҳисоботҳои миллӣ дар доираи татбиқи Созишномаи Парижро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти арзёбии тадбирҳои иқлимӣ, баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳии иқлимӣ ва истифодаи воситаҳои муосир барои пайгирии пешрафт дар самти татбиқи саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC) равона гардид.
Роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар самти таъмини шаффофияти иқлимӣ таъкид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ бо ICAT барои таҳкими низомҳои миллии мониторинг ва ҳисоботдиҳии иқлимӣ изҳор доштанд.
Дар навбати худ, роҳбарияти Ташаббус оид ба таъмини шаффофияти иқлимӣ (ICAT) омодагии хешро барои идомаи дастгирии коршиносӣ ва техникӣ ба кишварҳо дар татбиқи талаботи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият (ETF)-и Созишномаи Париж тасдиқ намуд.
Вохӯрӣ қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳисоботдиҳии иқлимӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






